Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Кумаки СММ ба кишоварзони тоҷик

Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба Вазорати кишоварзии Тоҷикистон 57 комютер, 57 принтер ва 57 модели USB барои пайваст шудан ба Интернетро ҳадя кард.

Ин тарҳро Иттиҳодияи Арупо маблағгузорӣ кардааст.

Ин воситаҳои техникӣ барои ҷамъоварии маълумот ба ҳангоми ғунучини ҳосил дар саҳро истифода шуда ва барои беҳбуди раванди ҳисоботу таҳлили фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ нигаронида шудааст.

Дар ин бора Олег Гучгелдиев, намояндаи Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, истифодаи компютер дар ба нақшагирии кишт ва пешгирӣ аз ҳашароти зараррасон ба кишоварзон кумак хоҳад кард.

Тоҷикистон кишвари агарарӣ ба ҳисоб рафта ва бештари аҳолии кишвар ба парвариши маҳсулоти  кишоварзӣ машғул ҳастанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.