• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 18.07.2019
  • 0

Кумитаи рушди маҳал ба Кулоб рафт

Бо дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2019, №3127(24.2) дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳалии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, молия, фарҳанг, кишоварзӣ,  саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентиҳои хизмати давлатӣ ва омор, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб ва фаъолони шаҳр иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи мазкур асосан ду масъала: таҳлили рафти татбиқшавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015 -2019», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №809 тасдиқ гардидааст ва омӯзиши сохтори идоракунии маҳаллӣ» ва «Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи рушди маҳал дар нимсолаи якуми соли соли 2019» мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт. Ҷаласаро Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром оғоз намуд.

Сипас Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар рӯзномаи ҷаласаро шарҳ дода, аз рӯи масъалаи якум: таҳлили рафти “Барномаи рушди иҷтимою иқтисодии шаҳри Кӯлоб” аз рӯи лавҳаи электронӣ (монитор) ҳозиринро аз рафти амалишавии барнома шинос кард. Дар таҳлил тамоми соҳаҳои хоҷагидории шаҳри Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор гирифта, камбудиҳои вобаста ба иҷрои барнома ошкоро ба диққати иштирокчиён расонида шуд. Дар рафти муҳокима сабабҳои иҷро нашудани баъзе лоиҳаҳои барнома аз масъулини соҳаҳо пурсида шуд.

Ҳамчунин баъд аз маърузаи таҳлилии Раиси Кумита Қосим Роҳбар, дигар иштирокчиёни ҷаласа низ андешаҳои худро дар татбиқи “Барномаирушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кулоб барои солҳои 2015 -2019” изҳор намуданд. Дар хотимаи ҷаласа раиси Кумита Қосим Роҳбар барои дар сатҳи баланд ва муҳайё кардани шароит ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи сайёр ба роҳбарияти шаҳри Кулоб ва фаъолони он изҳори сипос намуд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner