Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ЛАРИНГИТ: Хатар барои КӮДАКОН

Дар фасли сармо бештари кӯдакон ба бемории варами гулӯ гирифтор мешаванд. Ман кӯдаконамро бештар дар хона табобат мекунам. Мехостам донам, ки чӣ тавр бемориро пешгирӣ кунем ва табобат намоем.

Моҳинисо, ш. Душанбе

-Ларингит ё варами ҳалқ гуфта, илтиҳоби пардаи луобии ҳалқумро меноманд. Ин бемории паҳнгардида буда, хусусан барои кӯдакон метавонад хатарнок бошад, — мегӯяд духтури бахши гӯш, гулӯ ва бинӣ (ЛОР)-и Бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе Нозим Шодиев.

Ба гуфти ӯ, ҳар қадар кӯдак хурдсолтар бошад, ларингит барояш хатари бештар дорад. Ларингит дар калонсолон одатан бо дард дар гулӯ ва аз даст додани овоз буруз мекунад, аммо дар кӯдакон ин беморӣ метавонад нафастангӣ ва хафақони барои ҳаёт хатарнокро эҷод кунад.

Системи асаб ва роҳҳои нафаскашии кӯдакони то 3 — сола ҳанӯз дар ҳолати шаклгирӣ қарор дорад ва пешгоҳи коми кӯдакон, микроорганизмҳои патогениро (дардовар) ба ҳалқум намегузаронад ва ин боиси варами ҳалқум мегардад. Ин авомил боиси нафастангӣ, пайдоиши хир-хир дар кӯдак гардида, ҳолати тарсро дар кӯдак ва волидайнаш эҷод мекунад.    

Ларингит одатан дар кӯдакон аз сулфаи хушк ва обрезиши бинӣ оғоз мегардад. Овози кӯдакон низ тағйир ёфта, ҳарорати баданашон баланд мегардад. Хурӯҷи нафастангӣ бисёр вақт ҳангоми субҳ, вақте ҳама хобанд ва наметавонанд аксуламали шоиста ба ин ҳолати душвор нишон диҳанд, иттифоқ меафтад. Ва маҳз ин, нафастангиро барои саломатии кӯдак хатарнок мегардонад.        

Сабабҳои асосии варами ҳалқум сирояти вирусӣ ё бактериалӣ ба шумор меравад. Инчунин сармохӯрдагӣ, аворизи бемории махмалак ё сурхакон, таъсири аллергени муайян ва инчунин стресс, ки боиси ихтилоҷи ҳалқум мегардад, метавонанд сабагори пайдоиши ларингит гарданд.        

Ҳангоми хурӯҷи беморӣ бояд ҳатман ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат кард ё мустақилона кӯдакро ба бемористон интиқол дод. Кӯдакро ором карда, таскин диҳанд. Чаро ки системи асаби кӯдак ва роҳҳои нафаскашиаш бо ҳам алоқаи зич доранд ва ҳамин, ки кӯдак ором гирифт, нафаскашиаш осон мегардад.

Душмани асосии кӯдак ҳангоми хурӯҷи нафастангӣ ҳавои хушк мебошад, бинобар ин волидайн бояд кӯшиш кунанд ҳавои утоқро, ки кӯдаки бемор он ҷо нигаҳдорӣ мешавад, намнок гардонанд. Инчунин ба кӯдак додани моеи ширгарм низ метавонад муфид қарор гирад. Аммо моеъро бояд кам-кам ба василаи қошуқи чойхӯрӣ ба кӯдак дод.

Дар сурати хафақони нафас, бояд саъй кард кӯдакро ба қайкунӣ водор намуд. Ин амалро бо фишор овардан ба решаи забон анҷом медиҳанд. Дар баробари ин, бояд сари кӯдакро тавре нигаҳ дошт, ки ӯ бо қайи худаш гулӯгир нагардад. Маркази қайкунӣ дар назди маркази нафаскашӣ қарор дорад ва бо дар кор андохтани он, мо равандҳои нафаскаширо низ ба кор медарорем.                                                  

Дар ҷараёни ларингит, хурӯҷи нафастангӣ одатан як бор ба вуқӯъ мепайвандад ва ҳамаи волидайни кӯдакони хурдсол ин хатарро бояд бидонанд ва ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки оромӣ дар ин ҳолат нақши калидӣ дорад. Барои кӯдак, ларингит бо номаълумии худ бисёр хатарнок аст. Хурӯҷи беморӣ метавонад ногаҳон ва бештар ҳангоми хоби кӯдак иттифоқ афтад. Аммо бо вуҷуди ин, бо кумаки дурусти тахассусӣ мешавад хеле зуд,  нафастангӣ ҳангоми ларингитро бартараф кард.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.