Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Лимит сар шуд? “Барқи тоҷик”: Не!

Давоми як ҳафтаи охир аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон доир ба тез-тез хомӯш шудани барқ шикояти сокинонон бештар ба гӯш мерасад.  Амонҷон Деҳқонов яке аз фаъолони шабакаи  Фейсбук менависад, ки  “Як ҳафта мешавад, ки чунин ҳолат аст. Худоро шукр, ки гази моъеву печкаҳо аловӣ ва аккамулятори автомобил ҳаст, ки хизмати барқро бар дӯши худ мегирад. Набошад, мешиштем дар хони сарду торик гушнаву ташна… “

Аммо кормандони шабакаҳои барқ ҷорӣ шудани ҳама гуна маҳдудиятро рад мекунанд. Сабаби қатъи неруи барқро дар таъмири  хати барқ марбут дониста мешавад. Сокинон бошанд, иддао доранд, ки набояд бидуни огоҳӣ барқ хомӯш шавад.  Ҳар гуна амалеву ташаббусе  бидуни огоҳӣ  оқибати манфӣ  ба миён  меорад.

Абдулваҳҳоб Ахмедов, сокини деҳаи Навободи шаҳри Панҷакент мегӯяд, ки як ҳафта инҷониб аз соати 8-и субҳ то 5-и бегоҳ барқ қатъ мешавад. “Аҷиб, агар профилактика бошад, чаро мардумро огоҳ намекунанд? Наход  профилактика як ҳафта идома кунад? Хуб мешуд, ки пеш аз ҳар иқдоме, масъулини шабакаҳои барқ сокинонро огоҳ мекарданд, то ҳар гуна нофаҳмӣ ба миён наояд”-бо изтироб гуфт номбурда.

Танҳо сокинони Панҷакент ва Истаравшан аз эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудияти нерӯи барқ нигарон нестанд. Ба ин монанд аз минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, аз ҷумла Рашту Конибодом, Масчоҳ ва ҳатто бархе аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ шикоят кардаанд. Алимурод, сокини ноҳияи Мастчоҳ дар суҳбат бо расонаҳои кишвар гуфтааст, ки ҳаррӯз ба камияш то панҷ соат бебарқ мемонанд. «Баъзан, соати 9-и субҳ барқро барои се-чаҳор соат хомӯш мекунанд. Гоҳе дигар пас аз намози шом барқ қатъ мешавад. Ҳар вақте ки хостанд», — нақл кард ӯ.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ШСХК  “Барқи Тоҷик” иддаи сокинонро дар мавриди ҷорӣ шудани лимит рад кард ва гуфт: «Ҳоло таъмири ду  автотрансформатори Суғд 500 идома дорад. Аз ин лиҳоз, баъзан то 2-3 соат ба хотири иҷрои кор барқ хомӯш мешавад. Ин набояд, ҷойи нигаронӣ бошад.  Нафароне, ки аз маҳдудияти неруи барқ шикоят доранд, метавонанд ба ШСХК «Барқи Тоҷик» тамос гиранд ва арзи худро расонанд. Ё ба рақами 295368 занг зананд. Лимит ҷой надорад.»

У. Раҳимзода

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.