• Бахтовар Сафаров
  • 24.07.2019
  • 1

Маҷмааи “Истиқлол”: Сифат паст ё мушт зӯр?

Моҳи сентябри соли 2016 дар микроноҳияи 20-уми шаҳри Хуҷанд бо иштироки Пешвои миллат маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» ифтитоҳ шуд. Аммо сентябри соли сеюм фаро нарасида, ба гуфти мардум “маҷмаа-дабдала” шудааст.

Сохтмони ин иншооти таърихӣ-фарҳангӣ, ки  дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, оё то 30-юмин солгарди Истиқлолият бақо мекарда бошад?

Маҷмааи «Истиқлол»

Дар сомонаи мақомоти шаҳру вилоят оид ба тарҳу сохтмони маҷмаа гуфта шудааст: “Лоиҳаи иншооти нодир ва муҳташам, ки акнун ба макони дӯстдоштаи сайругашт ва тамошои сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд мубаддал мегардад, аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд Гиитиз» таҳия гардидааст ва маблағи лоиҳавии он 37 миллион сомониро ташкил медиҳад”.

Аммо меҳмонони ватанию хориҷӣ, ки ба ин макон меоянд, чӣ таассуроте бо худ мебурда бошанд? Мисли ман “заминаш пур аз об, девораҳояш лахту пора, ҷойе хаткашидаю ҳар гуна навиштаҷоти ошиқона,  пулакию саҳарӣ ба ҷои одамон сагҳои бесоҳиб сайругашт мекунанд…”

Ё маблағи 37 миллион сомонӣ, ки барои бунёди маҷмаа сарф шуд, оё имрӯз сифаташ ба гуфти мардум “кирои ҳамин қадар пулсарфкунӣ” бошад? Он  ҳам мисли таъмири роҳҳо, ки дар гуфтор, ҳисобот ва гузоришҳои таърифӣ мумфаршанду дар асл хокфарш?

Баландии маҷмаа, ки  53 метр  аст ва дар он тоҷ ва ҳафт ситораи доирашакл давр мезанад, оё ба талаботи стандартӣ ё худи сокинон ҷавобгуй аст? Ҳам аз ҷиҳати тозагӣ, ҳам аз ҷиҳати тартиботи кори кормандони маҷмаа ва тартиботи сокинон. То ҷое мушоҳида кардем, имрӯз баландии 53 метраи тоҷ ба макони ошиқон табдил ёфтааст, ки ҷуфт-ҷуфт мебароянд ва дар он ҷое тангиро макон мекунанду ақли ба замин фаромаданро намекунанд. Охир ҳама кор қоида, регламент ва назорат бояд дошта бошад-ку!

Дар  таҳхонаи маҷмаа, ки роҳи зеризаминӣ дорад, дар он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоту арзишҳои миллӣ, аксҳо аз иншооти нодири ҷумҳурӣ, вилоят насб шудааст.  Аммо айни замон пеш аз он ки чашмат ба ин аксҳо афтад, поят ба об ва тариҳои заминаш ғӯтида, чашмат ба изи мушту лагадҳо, ки девораҳои таҳхонаро оғилхона кардааст,  меафтад.

Маҷмаа дар байни сокинон ва донишҷӯён бо номи “тоҷ” ва “ҳафт ситора” маълум аст. То  замони бунёди боғ ва тоҷ ба гуфте бархеҳо овозааш нисфи вилоятро такон медод, аммо баъди ба охир расидани сохтмон гӯё муҳре ба забони воҳимачиву таърифчиён зада шуд. Ба якборагӣ ҳама ҷимҷид шуд. Ҳатто пештара таърифчиёнро тавалло кунӣ, ки як бори дигар таърифҳои  пештараатро такрор кун, худашро сардарду шикамдард гирифта, аз посух мегурехт.

Хулоса, гап дигару кор дигар шуд. Яъне андозаи кор ба  андозаи таъриф рост наомад.

Пеш аз бунёд шудани маҷмаа ҳама мегуфтанд, ки ба ҷои холимондаи пештара пайкараи бобои Ленин “ҳаштум мӯъҷизаи олам” бунёд мешудааст, ки одамон ба он ҷо  баромада  тамоми шаҳрро аз об софу аз оина равшан медидаанд. Хулоса боғ ҳам бунёд шуду тоҷ ҳам. Аммо имрӯз роҳи заминии маҷмаа ҳолати ҳузноваре дорад. Дар заминаш оби бӯйгирифта ҷамъ шудаву деворҳояш ҳар ҷо-ҳар ҷо кафидаю дарида.

Зоҳиран роҳи заминии маҷмаа бо камераҳои назоратӣ таъмин менамояд. Аммо ба мо маълум нест, ки он камераҳо чиро ё киро назорат кардаанд? Мисли он ки роҳи заминӣ дар ҷое беодам (биёбон) бунёд шуда бошад, наход соли сеюм пурра нашуда, мисли иншооти асри ХIХ — XX ҳолаш хароб шавад? 

Фарзона Муродӣ,

Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner