• Усмон НИЁЗОВ
  • 27.03.2017
  • 0

Маҳмадшоҳ Гулзода: Дар як ҷой 50 довталаб дорем

-Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳам  замони шӯравӣ ва ҳам имрӯз манбаи асосии омода намудани  кадрҳо дар соҳаи тибби кишвар аст. Аммо мувофиқи назари бархе аз коршиносон, сатҳи дониши донишҷӯён дар қиёс бо замони шӯравӣ паст аст. Ин воқеият дорад?

— Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон он нуфузу эътиборе , ки замони шӯравӣ дар арсаи байналмилалӣ дошт, ҳоло ҳам  нигоҳ доштааст. Ҳатто дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон  сатҳи  дониш  боз чандин зина  боло рафт. Солҳое буд, ки донишгоҳ на он қадар  иқтидори молиявии хуб дошт. Он ба аввали солҳои соҳибистиқлолии кишвар рост меомад. Дар ҳамин давра баъзе олимони донишгоҳ аз Тоҷикистон берун рафтанд. Ин ҳам ба ҷиҳати омода намудани мутахассисони касбӣ таъсиргузор буд. Аммо дар 15 соли охир сатҳи унвоннокӣ дар донишгоҳ қариб ба 50 фоиз расид. Имрӯз беш аз 670 нафар олимон дар донишгоҳ фаъолият доранд. Аз ин 340 нафарашон докторон ва номзадҳои илми тиб мебошанд. Аз рӯйи  сатҳи унвоннокӣ донишгоҳи мо баъд аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон   дар ҷойи дуюм  меистад. Ҳоло сатҳи дониши донишҷӯён хуб аст ва донишгоҳ дар ин самт рисолати ба дӯшашбударо анҷом дода истодааст.  Имрӯз хатмкунандагони донишгоҳ дар беш аз 40 давлати пешрафтаи дунё, аз ҷумла Олмон, Фаронса, Амрико, Россия, Қазоқистон ва ғайра  кору фаъолият доранд.  Агар сатҳи дониш паст мебуд, чӣ гуна ин нафарон дар он ҷо фаъолият  карда метавонистанд?

-Аз ректор таъйин шудани шумо  ду сол сипарӣ мешавад. Дар ин давра чӣ дигаргуниҳо дар фаъолияти донишгоҳ ворид сохтед?

-Дар донишгоҳ озмоишгоҳи илмӣ -тадқиқотӣ фаъолият дорад. Ин  озмоишгоҳ дар ҷумҳурӣ аввалин аст. Ҳамасола то 25 нафар аз хатмкунандагони донишгоҳ  корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар ин маркази озмоишӣ дифоъ менамоянд.  Дар оянда онҳо номзади илм, доктори илм шуда, нақши худро дар рушди минбаъдаи тибби кишвар мегузоранд. Умуман, имрӯз дар донишгоҳ тамоми шароит барои донишҷӯён муҳайёст. Танҳо завқу хоҳиши хондан лозим аст. Масалан, дар донишгоҳ китобхонаи электронӣ  мавҷуд мебошад, ки дар базаи он зиёда аз 300 000 номгӯй китобҳои ба замони илми  имрӯза мутобиқ ва ҷавобгӯй ҷой карда шудааст. Донишҷӯёни мо метавонанд  бемалол, тавассути интернет дар донишгоҳ ва  тариқи сайти донишгоҳ дар хонаҳояшон истифода намоянд.  Ҳоло дар донишгоҳ бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълим ба роҳ монда шудааст. Тамоми гурӯҳҳои таълимӣ бо адабиёти дарсӣ  таъминанд. Дар донишгоҳ ғайр аз озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ боз  27 озмоиши дигари илмӣ-таълимӣ  мавҷуд буда, тадқиқотҳои арзишманд аз тариқи он гузаронида мешавад.  Соли 2016 тамоми факултетҳои донишгоҳ ба системаи кредитии таҳсилот гузаштанд. Гузаштан ба ин система самараи хуб дод, фаъолмандии донишҷӯён зиёд шуд.  Дар донишгоҳ, инчунин маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ мавҷуд аст. Ин гуна марказ дар дигар донишгоҳҳои кишвар нест. Марказ дорои ҳамаи таҷҳизоти симулятсионӣ буда, он дар бинои нави донишгоҳ, дар Қарияи Боло ҷойгир аст. Аз соли  2000-ум  ин тараф дар донишгоҳ ҷасади инсонҳо набуд. Соли 2016 дар назди кафедраи анатомияи одам бештар аз 10 ҷасад дастрас кардем. Ин барои омӯзиши донишҷӯён ниҳоят муҳим аст.

-Асосан донишҷӯёни шумо таҷрибаи амалиро дар куҷо мегузаронанд?

-Тамоми беморхонаҳое, ки дар пойтахт фаъолият доранд, базаи асосии донишгоҳ  ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин, дар тамоми дунё донишгоҳҳо дорои клиникаҳои худ ҳастанд. Инро ба инобат гирифта, имрӯз ду клиникаи хусусии  донишгоҳиро ташкил намудаем. Аз ҷумла, маркази табобатӣ-ташхиси донишгоҳ дорои 30 кати табобатӣ, маркази стоматология  ба халқи кишвар хизмат мерасонанд. Тамоми кумаки тиббиро олимони донишгоҳ анҷом медиҳанд. Дар оянда ният дорем, ки кори клиникаҳоро боз ҳам рушд диҳем.

Қариб дар тамоми дунё дар заминаи донишгоҳҳои тиббӣ клиникаҳои бузург кушода шудаанд. Албатта, ин ба вусъати дониши амалии донишҷӯённ мусоидат  мекунад. Оё вақти он нарасидааст, ки донишгоҳ аз ин шева кор гирад?

-Ҳоло ба ин шеваи кор гузаштани мо душвор аст, зеро шароити имрӯза буҳронист. Тамоми  кишварҳо гирифтори ин  буҳрон шудаанд. Дар оянда ният дорем, ки теъдоди клиникаҳои донишгоҳиро зиёдтар намоем. Аммо айни замон ин маблағ талаб мекунад.

-Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон на танҳо манбаи омода намудани кадрҳо, балки базаи илмӣ низ мебошад. Дар самти тадқиқотҳои илмӣ чӣ дастовард доред? Чаро озмоишгоҳи ҳуҷайрадармонӣ имрӯзҳо аз фаъолият бозмондааст?

-Ман намефаҳмам ин маълумоти ғалатро ба шумо кӣ гуфт. Ин озмоишгоҳ на танҳо фаъолият дорад, балки кораш аз пештар дида, зиёдтар вусъат пайдо кардааст. Он соли 2009 бо иштироки бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд.  Шурӯъ аз соли 2010 дар озмоишгоҳи мазкур табобати беморон ба роҳ монда шудааст. Ҳар сол на камтар аз 12 бемори гирифтори ишемикии дил, диабети қанд, буғумдард тавассути ҳуҷайрадармонӣ табобат карда мешаванд. Аз рӯйи маълумоти дар дастдоштаи мо дар озмоишгоҳи ҳуҷайдармонӣ аз соли 2010 то соли 2015  72 нафар бемор табобат гирифтаанд. Соли 2016 ин рақам ба 15 нафар расид. Инчунин, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тамоми ташхисгоҳҳои  ин намуди беморӣ ройгон сурат мегиранд.  Айни замон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистондар  3 утоқи алоҳида барои табобати ҳуҷайрадармонӣ шароит муҳайё карда шудааст. Дар он кадрҳои баландихтисосе, ки дар шаҳри Санкт-Петербург таҷриба омӯхтаанд, кор мекунанд. Дар 3 моҳи соли 2017 тавассути ҳуҷайрадармонӣ 9 бемор табобат гирифтанд.

-Имсол дар марказ чӣ қадар ба табобат фаро гирифта мешаванд?

-Ният дорем, ки соли 2017 то 25 нафарро дар озмоишгоҳ тавассути ҳуҷайрадармонӣ ба табобат фаро гирем.

-Биёед, дар бораи  ҳамкориҳои донишгоҳ бо муассисаҳои олии хориҷи кишвар ҳарф занем. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар ин самт чӣ дастовардҳо дорад?

-Донишгоҳ бо беш аз 100 муассисаи илмӣ ва  донишгоҳу донишкадаҳои олии хориҷи кишар шартномаи ҳамкорӣ дорад.  Фақат дар соли сипаришуда бо 11 муассисаи илмӣ-тадқиқоти хориз аз кишвар шарномаи ҳамкорӣ баста шуд.

-Бештари ин рақам ба  кадом давлатҳо рост меояд?

-Россия, Олмон, Фаронса, Амрико, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон ва инчунин кишварҳои Назди Балтика.  Умуман, ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ бо тамоми донишгоҳу донишкадаҳои олии кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар давлатҳои Аврупо дар сатҳи лозимӣ қарор доранд.

-Тавре маълум, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  дар қатори муҳассилини тоҷик аз  кишварҳои хориҷӣ низ таҳсил мекунанд. Онҳо аз кадом давлатҳоянд? Меъёрҳои қабул ва забони таҳсил  кадом аст?

-Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бештар аз 780 нафар донишҷӯёи хориҷӣ таҳсил доранд. Онҳо  аз 15 мамлакати дунё ҳастанд. Бештари донишҷуёни хориҷӣ аз кишвари Ҳиндустон мебошанд. Асосан донишҷӯёни хориҷӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, интихоби забон дар донишгоҳ озод аст.

-Ҳамаи онҳо тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд?

-Не, бархе дар заминаи  ҳамкорӣ, тариқи бурсияҳо мехонанд.

-Мо дар арафаи қабули имтиҳонҳои ҷадид қарор дорем. Имсол чӣ қадар донишҷӯ аз кадом тариқ қабул карда мешаванд?

-Соли чорум мешавад, ки ҳамаи донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  тариқи Маркази милиии тестии назди Президенти Тоҷикистон қабул карда мешаванд.  Ин ҷо омӯзгор бо  донишҷӯ  рӯ ба рӯ намешаванд. Яъне, ҳолатҳои коррупсионӣ  ҷой намеёбад. Мо фақат донишҷӯёнро дар асоси рӯйхати пешниҳоднамудаи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳ қабул мекунем.

-Оё таҳлил  кардед, донишҷӯёнеро, ки қаблан анъанавӣ ва имрӯз  тавассути тест қабул мешаванд, фарқияти дониши онҳо дар кадом сатҳ қарор дорад?

-Воқеият ин аст, вақте ки омӯзгор бо довталаб рӯ ба рӯ мешавад, субъективизм ҳатман роҳ меёбад. Эҳтимоли даст задани омӯзгор ба амалҳои коррупсионӣ пайдо мешавад. Аммо имрӯз донишҷӯёне, ки тавассути маркази миллии тестӣ ба донишгоҳ шомил мешаванд, болаёқатанд ва дар оянда кадрҳои хуб ба воя мерасанд.

-Муҳассилин баъди чанд соли таҳсил соҳиби диплом мешаванд?

-6 сол. Агар шартномавӣ таҳсил кунанд, дипломро сари вақт мегиранд. Нафароне, ки аз ҳисоби буҷети мамлакат таҳсил кардаанд, 3 сол дар зодгоҳи худ, дар марказҳои саломатӣ фаъолият менамоянд. Сипас, бо пешниҳоди дастхати сардухтур ва дафтарчаи меҳнатӣ ба донишгоҳ муроҷиат намуда, соҳиби диплом мешаванд.

-Имсол аз рӯйи нақша чӣ қадар донишҷӯ қабул мекунед?

-Дар 5 факултет: тиббӣ, педиатрӣ, нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, фармасевтӣ ва стоматология  1300 нафар донишҷӯ қабул карда мешаванд. Ҳамчунин, як қисми дигар дар асоси квотаи президентӣ шомили донишгоҳ хоҳанд шуд.

— Имрӯз дар Тоҷикистон баробари ду донишгоҳи тиббӣ боз чандин коллеҷҳои тиббӣ фаъолият доранд.  Тафовут  байни дипломи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва ин муассисаҳои тиббӣ  дар чист?

-Ростӣ, имрӯз тамоми табибони Тоҷикистон дар асоси дипломи донишгоҳи мо кору фаъолият доранд. Соли 2011-ум факултети тиббӣ бо ихтисоси кори табобатӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кушода шуд. Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як Донишгоҳи давлатии  тиббии Хатлон дар шаҳраки Данғара кушода шуд. Соли аввал ин донишгоҳ ба таври анъанавӣ, яъне бидуни Маркази миллии тестӣ донишҷӯёнро қабул кард. Имсол аз рӯйи маълумоти мо 350 донишҷӯ ба ин донишгоҳ тариқи Маркази миллии тестӣ қабул карда мешаванд.

-Соли гузашта бали гузариш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон чанд буд?

— Аз 400 бештар буд.

Имсол тахминан чӣ қадар ҳуҷҷат месупоранд?

— На камтар аз 50 000.

Ихтисоси шумо?

-Ҷарроҳи умумӣ. Бештар аз 28 сол мешавад ба сифати ҷарроҳ фаъолият дорам. Мо соли 2010 аввалин маротиба  бомуваффақият узви гурдаро пайваст кардем. Ҳамагӣ ба 360  нафар  трансплантатсияи гурда гузаронидем. Чанд соли охир ба транплантатсияи ҷигар низ даст задем, ки миқдори он ба 30 нафар расидааст.

-Дар маҷмӯъ, бевосита чӣ қадар ҷарроҳӣ гузаронидед?

-Беш аз 15 000 ҷарроҳӣ.

МАЪЛУМОТНОМА

Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ соли 1989-ум Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст. Ихтисос: духтури муолиҷавӣ. Аз 25 феврали соли 2016 дар вазифаи ректори  ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор мекунад.  Бо мукофотҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст. Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб, профессор.

 

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner