• Усмон НИЁЗОВ
  • 31.03.2017
  • 0

Мақоми Тоҷикистон дар ТШСИ боздошт шуд

Бо қарори Раёсати байналхалқии ТШСИ мақоми номзадии Тоҷикистон дар ташаббус боздошт гашт. Дар раёсат изҳори эътимод намуданд, ки новобаста ба пешравиҳои начандон бузург, дар Тоҷикистон дар мавриди ҷалби мастақими сармоягузории хориҷӣ, аз ҷумла додани иҷозатнома барои истихроҷ ва кофтукови геологӣ, мушкилот вуҷуд дорад.

Дар ҷаласаи 8-9 март дар Богота (Колумбия) баргузоргашта  аъзои Раёсати ТШСИ оиди боздошти мақоми номзадии Тоҷикистон дар Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) қарор қабул кард. Нисбати  Қирғизистон, Озарбойҷон ва Ҷазираҳои Соломон низ чунин қарор қабул гардид. Дар ҷамъбасти тасдиқот (валидатсия) ва аз нигоҳи Раёсати ТШСИ хулоса ба миён омад, ки  Тоҷикистон меъёрҳои ТШСИ-ро на чандон хуб ба иҷро расонид.

Дар қиёси Тоҷикистон, ки пешравӣ дар он ҳамчун “пешравии ғайри кофӣ” баҳогузорӣ шуда аст, иҷрои меъёрҳои ТШСИ аз ҷониби Озарбойҷон ҳамчун “пешравии қобили таваҷҷӯҳ назаррас”       арзёбӣ гардид. Новобаста ба ин мақоми ин мамлакат боздошт гашт. Зеро, аз рӯи интиқоди Раёсати ТШСИ ҳокимияти  ин кишвар ба ҷомеаи шаҳрвандӣ фишор меоварад. Баъди қабули қарори мазкур ҳокимияти Озарбойҷон эълон дошт, ки аз ТШСИ хориҷ мешавад. Ёдовар мешавем, ки Озарбойҷон яке аз аввалинҳо шуда, ҳанӯз соли 2003 ба ТШСИ шомил шуда буд.

Тасдиқот (валидатсия)-и Тоҷикистон аз рӯйи ҳисоботи якуми миллии  ТШСИ тобистону тирамоҳи соли 2016 баргузор шуда буд. Тибқи меъёрҳои ТШСИ ҳар мамлакате, ки ҳисобот нашр кардааст, инчунин мебояд аз тасдиқоте гузарад, ки дар он тибқи баҳогузории муайянгашта дараҷаи иҷроиши меъёрҳои шаффофияти он кишвар баҳогузорӣ мешавад.

Соли 2016 ТШСИ раванди тасдиқотро тағйир дода, талаботи нави қатъитарро ба тасвиб расонид ва Тоҷикистон аз аввалин кишварҳое буд, ки дар он тасдиқот (валидатсия) аз рӯйи қоидаҳои нав амалӣ гардид. Аз ҷумла, дар ҷараёни тасдиқот вазъи озодии сухан дар кишвар баҳогузорӣ гашта, индексҳои дарки фасод, шаффофияти буҷа ва дигар рейтингҳои байналхалқӣ ба инобат гирифта мешавад.

Аъзои Раёсати ТШСИ ба хулосае омад, ки кӯшишҳои Тоҷикистон доир ба такмили  идораи захираҳои табиии худ тавассути меъёрҳои ТШСИ кофӣ нест ва мамлакатро зарур аст, ки барои иҷрои тавсияҳои ташаббус амали ислоҳиро роҳандозӣ кунад.

Дар сомонаи  Котиботи байналмилалии ТШСИ (https://eiti.org/news/tajikistan-eiti-assessment-identifies-issues-that-deter-foreign-direct-investments) зикр ёфтааст, ки яке аз вазифаҳои асосии татбиқи ТШСИ иҷрои хоҳиши ҳукумат ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузории мустақими хориҷӣ ба шумор мерафт.

“Новобаста ба он ки далелҳои аниқи расидан ба ҳадафи мазкур вуҷуд надошт, ТШСИ мушкилотеро ба мисли тартиби гарон, тӯлонӣ, эҳтиётӣ (дискратсионӣ)-и иҷозатномадиҳӣ, низоми номушаххаси андоз, махфӣ нигоҳ доштани моликияти ширкатҳо, ҳамчунин набудани маълумотҳои геологиро ошкор намуд, ки садди ин сармоягузориҳо гаштанд. Низоми  бонусии ба имзо расида низ   ҷолиб нест”, — таъкид мешавад дар сомонаи Котиботи байналмилалии ТШСИ.

Ҳамзамон, фаъолияти Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар омодасозии ҳисобот тибқи ТШСИ  нақши муҳим дорад ва тадбирҳои барои ҷомиа ва ВАО андешидашуда, хуб арзёбӣ шуданд.

Раиси раёсати ТШСИ Фредерик Рейнфелдт қайд намуд, ки ин тасдиқоти аввалини Тоҷикистон мебошад.

«Ман бовар дорам, ки ҳукумат  барои муваффақ гаштан ба ислоҳот ва ва ҷалби мустақими сармоягузории хориҷӣ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. ТШСИ омода ҳаст бо Тоҷикистон барои беҳсозии мудирияти сохтор ҳамкорӣ намояд”, — қайд кард ӯ дар рафти ҷаласаи Раёсати ТШСИ дар  Богота.

Рейнфелдт қайд менамояд, ки мутобиқи талаботи ТШСИ Тоҷикистон уҳдадор аст ҳамаи тавсияҳои ТШСИ-ро, ки дар анҷоми тасдиқот тавсиф шуд, иҷро кунад. Пешравӣ дар ҷараёни тасдиқоти дуюм, ки бояд то моҳи сентябри соли 2018 баоргузор гардад, баҳогузорӣ мешавад. Аммо Тоҷикистон ҳуқуқ дорад баргузории тасдиқотро пеш аз муҳлат, пас аз анҷоми нашри ҳисоботи дуюми миллӣ талаб намояд.

Бо хулосабарорӣ розӣ нестем…

Намояндагони Шӯрои ТШСИ дар Тоҷикистон бо хулосаҳои Раёсати ТШСИ розӣ набуда, далелҳои боэътимоде меоранд, ки бояд дар раванди баровардани қарорҳо ба ҳисоб гирифта мешуданд.

Ҷараёни иҷрои меъёрҳои ТШСИ-ро Ҳукумати ҷумҳурӣ солҳои  2011-2012 оғоз карда буд. Пас аз кори тӯлонӣ ва пурзаҳмат Тоҷикистон моҳи феврали соли 2013 мақоми кишвар — номзадро соҳиб шуд. Аммо бо сабаби ба таъхир афтодани маблағгузорӣ ҳисоботи якуми миллии ТШСИ тибқи мӯҳлати муқарраркардаи  Раёсат  омода карда нашуд ва феврали соли 2015 мақоми кишвар боздошт гашт. Моҳи апрели ҳамон сол, пас аз дастгирии  молиявӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Шӯрои миллии ТШСИ фаъолияташро доир ба омода сохтани ҳисобот, ки моҳи октябри соли 2015 тасдиқ шуда буд, шурӯъ намуд ва мақоми кишвар барқарор гардид.

Раванди тасдиқот расман дар кишвар  1 июли соли  2016 оғоз гардид. Моҳи августи ҳамон сол, ташрифи намояндагони Котиботи байналмилалии ТШСИ барои ҷамъоварии пешакии  маълумот ва машваратҳо бо ҷонибҳои ҳавасманд сурат гирифт. Ибтидои октябри соли 2016 ба Шӯро ҳисоботи дахлдори Котиботи байналмилалии ТШСИ пешниҳод карда шуд. Аз сабаби он ки дар ҳисоботи пешакӣ баъзе дастовардҳо доир ба талаботҳо саҳеҳ баҳогузорӣ нашуда буд, аз номи Шӯрои миллӣ ва Эътилофи Созмонҳои ҷомиаи шаҳрвандии “Шаффофият барои рушд” номаю муроҷиатномаҳо ба унвони Котиботи байналмилалӣ ва аъзои Раёсат омода карда  шуданд.

Мувофиқи баҳогузории Тасдиқкунанда (Валидатор) (https://eiti.org/validation/tajikistan/2016) ҳамагӣ мувофиқи 2 талабот аз 35 сатҳи пешравӣ ҳамчун «пешравӣ надорад» баҳогузорӣ шудааст:

Талаботи 4.2 «Даромадҳо дар шакли аслӣ» — Мутобиқи ҳисоботи Котиботи байналмилалӣ  тартиби ҷамъоварии ҳиссаи давлатии маҳсулот аз нафт, газ ва металлҳои қиматбаҳо он қадар рушан нест ва дар ҳисоботи ТШСИ, тибқи қонунгузорӣ ҳамаи пардохтҳои  андоз ва гумрук бо пули нақд ҷамъоварӣ карда мешаванд.

Шӯрои ТШСИ дар номааш ба Раёсати ТШСИ  таъкид намудааст, ки фақат як ширкати давлатӣ   — КД «Тиллои тоҷик» вуҷуд дорад, ки  аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ мешавад ва бар ивазаш маҳсулотро дар шакли тилло пешниҳод мекунад. Вале тибқи Қонуни ҶТ  “Дар бораи сирри давлатӣ”  корхонаи «Тиллои тоҷик» ҳаҷми маҳсулоти коркардаашро танҳо бо ифодаи пули нишон дода метавонад.

Талаботи 6.2 «хароҷоти шабеҳи молӣ (квазифискалӣ)-и корхонаҳо» — дар лаҳзаи баргузории тасдиқот пажуҳиш  оид ба хароҷоти шабеҳи молии  корхонаҳои давлатии дар соли 2016 ба нақша гирифта шуда, ба анҷом нарасида буд. Ҳисобот «Оид ба хароҷоти шабеҳи молии корхонаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон» ибтидои соли 2017 пешниҳод гардида буд.

Бар замми ин, тибқи баҳои тасдиқкунанда, дар ҳисобот маълумотҳои иловагии мукамал дар бораи меъёрҳои техникӣ ва молиявии додан ва дароз кардани иҷозатнома вуҷуд надошт. Масъалаи мазкур ба нақшаи кории солҳои 2016-2017 ворид карда шуд. Айни замон, гузаронидани таҳлили низоми иҷозатномадиҳӣ, ки  натиҷаҳои он дар ҳисоботи баъдинаи ТШСИ истифода карда шавад, ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон гуфтушунидҳо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  ҶТ доир ба таъсиси портал идома дорад, ки дар он иттилооти пурра ва ошкоро дар бораи ширкатҳои истихроҷкунандаи Тоҷикистон, иҷозатномаҳо ва соҳибони   онҳо ҷойгир карда мешаванд.

Ҳисоботи дуюми миллии Тоҷикистон оид ба ТШСИ мукаммалтар  шуда, дар он пардохтҳои натанҳо 14 ширкатҳои калони истихроҷкунандаи иштирокчии ҳисоботи якум, инчунин боз 25 ширкати дигар инъикос мешавад. Дар омодасозии ҳисоботи дуюм тамоми тавсияҳои  Раёсати ТШСИ ба инобат гирифта мешаванд.

Бояд қайд намоем, ки дар мамлакат кори тифоқонаи ҳамаи ҷонибҳои раванд роҳандозӣ  шудааст, аз ҷумла, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ маъракаи фаъоли иттилоотиро дар минтақаҳо  пеш мебаранд. Муҳим аст, ки  таҳлилгарон  аз ҷумлаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба коркарди лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи захираҳои зеризаминӣ ва истифодаи захираҳои зеризаминӣ” дар таҳрири нав ворид гардидаанд.  Лоиҳаи қонун айни замон мавриди омӯзиш дар Ҳукумати ҶТ қарор дорад.

Ба ҳисоб мебояд гирифт, ки соли гузашта Тоҷикистон  нахустин бор аз раванди бақайдгирӣ гузашт ва Шӯрои ТШСИ таъкид менамояд, ки аз рӯйи адолат мебуд, агар аққалан  мақоми кишвар (кишвар-номзад)-ро нигоҳ дорад. Ва ба он фурсати муайяне бояд фароҳам овард, то тавсияву маслиҳатҳои тасдиқкунандаро оид ба татбиқи талаботи ТШСИ пиёда карда тавонад. Чунин қарордод, бешубҳа, барои минбаъд ворид кардани Ташаббус дар  кишвар, аз ҷумла, таҳкими ҳамкориҳои тарафайни се ҷониби раванд мусбӣ мусоидат хоҳад кард.

Аммо Раёсати ТШСИ дар бораи боздошти мақоми Тоҷикистон ба ТШСИ қарор қабул кард, ки ин метавонад ба татбиқи минбаъдаи ташаббус дар кишвар таъсири манфӣ расонад.

Котиботи милллии ТШСИ  Тоҷикистон

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner