Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Марҳум дар зери хок, нафақа ба кисаи қаллоб

Блинова Галинаи 64 — сола, сокини ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳар моҳ 748,80 сомонӣ нафақа мегирад, ҳол он ки номбурда 29 ноябри соли 2016 фавтидааст. Ҳайрон нашавед, ҳамин тавр ҳам шуданаш имкон дорад…

Рӯзии Рӯзибой

Қаллобӣ ва тамаъкорӣ солҳои охир дар кишвари мо, мутаассифона, меафзояд. Ҳатто кор ба дараҷае расида, ки қаллобони тоҷик натанҳо зиндаҳоро фиреб медиҳанд, балки ҳақи нафарони фавтидаро низ мехӯранд…

Блинова Галина  то замони фавташ ба андозаи 485,02 сомонӣ нафақа мегирифт. Номбурда санаи 29 ноябри соли 2016 вафот мекунад. Дар ин хусус дар китоби ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ. Расулов санаи 11 январи соли 2017 маълумот сабт шудааст.

Баъди вафоти ӯ  аз тарафи Бахши САҲШ-и ноҳия Ҷ. Расулов маълумотнома дар хусуси фавташ  ирсол карда шудааст. Дар ин асос 20 январи соли 2017 пардохти нафақаи ӯ қатъ карда шуда, дар ин хусус барои боздоштани фаъолияти корти пластикии ӯ ба филиали №35 БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Ҷ. Расулов  маълумотнома пешниҳод намудааст.

Ҳамин тавр, давоми ду моҳ, яъне моҳҳои феврал ва марти соли 2017 ба суратҳисоби нафақавии Г. Блинова ягон миқдор маблағ ворид нагардидааст.

Аммо аз моҳи апрели соли 2017, аз тарафи сармутахассиси шӯъбаи таъини нафақа ва кумакпулиҳои РАСИН дар ноҳияи Ҷ. Расулов марҳум Рузибой Ҷумъаев дубора номи  Блиноваи фавтида  ҳамчун нафақагир дар рӯйхати нафақагирон ҷой дода шудааст.

Рӯзибойи аз мурдагон рӯзиёфта аз ин пайти мувофиқ истифода бурда, ҳаҷми нафақаи  Блиноваро  аз 485,02 сомонӣба 748,80 сомонӣ боло бурдааст. Соли 2017 бошад, беасос ба суратҳисоби нафақавии номбурда маблағи 18310,63 сомониро гузаронида, онро ҳам ба ҷайби худ задааст.

Чанде пеш Рӯзибой Ҷумъаев, ки ба чунин корҳои сиёҳ даст мезад, аз дунё гузашт. Номаи аъмоли  баъди суди роҳбараш Хуршид Саломов рӯйи об баромаданд.

Аз қаллобӣ то хунукназарӣ

Барои ин қазия суд Хуршед Саломови 41 — соларо, ки дар вазифаи вазифаи сардори шуъбаи таъини нафақа ва кӯмакпулиҳои Раёсати АСИН дар ноҳияи Ҷ. Расулов фаъолият мекард, гунаҳгор донист. Чаро маблағҳоро Ҷумъаев хӯрду Саломов зарар дид? Посух рӯшан аст, ӯ хунукназарӣ карда, аз болои тақаллубҳои зердасташ назорат набурд ва шояд худаш ҳам дар ин қазия ҳамроҳ бошад.

Саломов  қаблан санаи 16 июли соли 2013 бо ҳукми суди ноҳияи Ҷ. Расулов бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г»    КҶ ҶТ  маҳкум шуда буд. Вале пас аз гузашти 3 сол боз даст ба ҷиноят зад.

Ӯ  ҳамчун сардори шуъбаи таъини нафақа ва кумакпулиҳои РАСИН дар ноҳияи Ҷ.Расулов тибқи дастурамали мансабӣ барои сари вақт андешидани чораҳо ҷиҳати қатъ намудани маблағгузорӣ ва пардохти нафақаи шаҳрвандони вафоткарда масъул гардидааст..

Илова бар ин масъулияташ,  Саломов  уҳдадор гардида буд, ки дар як моҳ ду маротиба аз мақомоти дахлдор рӯйхати шахсони фавтидаро гирифта, дар хусуси қатъи нафақаи онҳо чораҳои дахлдор андешад.

Аммо номбурда нисбат ба иҷрои вазифаҳои ба зимааш гузошташуда, хунукназарона муносибат намуда, ҷиҳати сари вақт аз қайд баровардани рӯйхати шахсони фавтида, чораандешӣ накардааст. Дар  натиҷаи мутасибати бепарвоёнааш нисбат ба хизмат, Ҷумаев 37673,66 сомонӣ маблағҳои давлатиро тасарруф кардааст.

Хуршед Саломовро суд ба  ба андозаи 8250 сомонӣ ҷарима намуд ва ба муддати ду сол ишғоли вазифаҳои давлатиро маҳрум намуд.

Фарзона Муродӣ

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.