• Бахтовар Сафаров
  • 10.07.2019
  • 1

Марги муҳоҷири тоҷик дар сарозершудани масолеҳи сохтмонӣ

Боз як коргари муҳоҷири тоҷик дар Федератсияи Россия ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад хабаргузории РИА Новости бо такя ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Сабаби марги муҳоҷири тоҷикро дар сарозершудани масолеҳи сохтимонӣ бар сари ӯ дар маҳалли сохту сози яке аз биноҳои маскунии воқеъ дар шимоли шарқи шаҳри Маскав мегӯянд.

Мутаассифона, РИА Новости ба ном ва насаби муҳоҷири ҷонбохтаи тоҷик ишорае накардааст.

Ҳамасола беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои анҷоми кори доимӣ ё муваққатӣ роҳии Русия мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки ҳудудан ҳазор нафар аз ин ашхос ҷони худро аз даст медиҳанд.

Иллати аслии маргу мири муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳодисаҳо ва таъаррузи гуруҳҳои нажопараст аст.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner