• Бахтовар Сафаров
  • 08.10.2019
  • 0

Марги ронанда дар садама

7  октябри соли равон, тахминан соати 06:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Зайниддинов Аломиддин Зиёвиддинович, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чимтеппа бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21011», таҳти идораи Абдуллоев Хуршед Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Ҳосилот бархурдааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21011», Абдуллоев Х.И. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner