Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ба зимистон омода аст

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Сардори Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» Мурод Юсуфов хабар додааст, ки Маркази мазкур аз 16 сентябр фаъолияти худро бо иқтидори умумии зиёда аз 170-180 мВт оғоз намуд.

«Тамоми инфрасохтори зарурии Маркази гармидиҳӣ барои гузаронидани давраи зимистон дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни чинӣ ба ҳолати омодагии мувофиқ оварда шудааст»,- мегӯяд М.Юсуфов.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта марказ тақрибан 1500 иншооти пойтахтро бо неруи барқ ва гармӣ таъмин намуд. Имсол ин теъдод ба 1800 адад расидааст.

«Мо имсол барои гузаронидани мавсими зимистон 760 ҳазор тонна ангиштро, ки дар ноҳияи Ашт истихроҷ шудааст, захира намудем. Ҳар рӯз ба марказ 3-4 ҳазор тонна ангишт ворид карда мешавад»,- илова кард ӯ.

Ба саволи он ки кай дар пойтахт системаи таъмини гармӣ фаъол мегардад, сардори Маркази мазкур ҷавоб дод, ки ҳамааш аз қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобастагӣ дорад.

Бояд зикр кард, ки дар Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» 670 нафар аҳолии пойтахт бо ҷои кор таъминанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

10 комментарий

  • Ашти мо яке аз ноҳияҳои фаъоли Тоҷикистон аст.

  • Ту ки хасти ва аз кучои Тобон
    +992929499669

  • Ман муштарии ҳамешагии сомонаи tajikistantimes.com ҳастам.

  • Мухаммадали Иброимов чаро рақами телефонатонро гузоштед. Кадоме аз номи ман «Ман Тобон» гуфта занг назанад. Эҳтиёт шавед, фиребгарҳо айни замон бисёр шудагӣ.

  • Ман ҳам аввал ҳайрон мондам. Шояд Айнӣ бошад гуфта, «Дар ноҳияи Ашт?» гуфта савол гузоштам.

Leave a Reply