• Бахтовар Сафаров
  • 31.07.2019
  • 0

Маро танҳо вазири иқтисод қадрдонӣ кард

Мавлуда Давлатмамадова, бонуи ихтироъкор, ки дар Куриёи Ҷанубӣ байни 28 давлати ҷаҳон соҳиби ду медали тилло гашт ва Тоҷикистонро бори дигар мураррифӣ намуд, зодаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аст.

Ӯ факултаи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси ассистенти кафедраи кимиё ба донишҷӯён дарс гуфта, баъдан дар ба Маркази илмӣ-тадқиқотии фарматсевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ҳамчун ходими илмӣ фаъолиятро оғоз намуд. Бо ин ихтироъкори тоҷик вобаста ба дастовардҳои соҳаи кимиё, ки дар сатҳи байналмилалӣ баҳои баланд гирифт, суҳбате доштем.

-Рӯ овардан барои зан ба илму ихтироъкорӣ, ки масъулияти зиёди хонаводагиро бар дӯш дорад, мушкил набуд? Чӣ гуна ба ин соҳа майл пайдо кардед?
-Вақте ман донишгоҳро хатм кардам, ба марказе, ки айни ҳол фаъолият мекунам, ба ҳайси унвонҷӯ рафтам ва баъди заҳмати даҳсола рисолаи илмиамро ҳимоя кардам. Ихтирои ман хокае, ки барои кудакон истифода мебаранд, мебошад. Вақте кори худро ба Маркази патенту иттилоот пешниҳод кардам, соҳиби патент гардидам. Ҳамаи кор мушкилӣ дорад ва бо дастгирии пайвандонам то имрӯз корҳои илимиро давом дода истодаам.


-Дар ин самт норасогии технология дар озмоишгоҳҳои мо вуҷуд дорад?
-Имрӯзҳо бо вуҷуди пешравиҳо дар соҳаи тандурустӣ, боз норасогиҳое вуҷуд дорад, ки чашм пӯшидан ба он аз рӯи инсоф нест. То имрӯз озмоишгоҳҳои мо тамоми технологияҳое, ки барои тайёр кардани доруворӣ машғул аст, дар якҷо ҷойгир нест. Масалан, дар муддати даҳ соле, ки бевосита ба ин кор даст доштам, аз тамоми озмоишгоҳҳои Тоҷикистон истифода бурдам. Агар ҳамаи технологияҳо дар якҷо ҷойгир мешуданд, шояд кори мо даҳ сол нею пештар ба анҷом мерасид. Дар ҷаҳон технологияҳое вуҷуд дорад, ки тамоми таҳлилҳои лозимиро дар муддати як соат анҷом медиҳад, вале дар мо то имрӯз аксари онро ба таври дастӣ анҷом медиҳанд.

-Имрӯз мардуми зиёд аз бенатиҷа будани ҳаб ва дигар маводҳои доруворӣ шикоят мекунанд. Ҳамчун мутахассис дар ин бора чӣ назар доред?
-Медонед, чӣ хеле ки инсон дилаш ба оилаи худ месӯзад, дигарон ин тавр нестанд. Вақте як давлат маводҳои дорувориашро ба давлати дигар воридот мекунад, мақсади асосиаш тиҷорат аст. То кадом андоза муфид аст ё не, ин дигар тарафи масъала аст. Ҳастанд доруҳое, ки дорои сертификати ҷаҳонӣ буда, онҳоро ба ин гурӯҳ шомил карданӣ нестам. Тоҷикистони мо аз тамоми канданиҳои фоиданок, гулу гиёҳҳо бой буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Бисёр мехостам, ки дар ин самт дастгирии ҷавонон бештар шавад ва ин соҳа боз ҳам бештар рушд намояд.

-Дар ин самт бештар кӣ ба шумо кумак кард?
-Пеш аз ҳама, волидонам буданд, ки ҳатто барои сайқал додани дониши мо хонаву дарашонро дар Бадахшон гузошта, ба шаҳри Душанбе омаданд. Баъдан шавҳарам аст, ки ба таҳсили ман ягон маротиба монеъ нашуданд. Устодоне, ки имрӯзҳо бо онҳо корҳои илмиамро пеш мебарам, академики Академияи илмҳои тиб, доктори илмҳои тиб, профессор Ҷамолиддин Юсуфӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Ҷӯра Рӯзиев мебошанд.

-Ҷараёни форум чӣ гуна буд ва он чизе, ки шумо дидед, чӣ бартари аз кишвари мо дошт?
-Вақте мо ба давлати Сеули Корея рафтем, ба мо гуфтанд, ки 28 давлат аст, вале дар он ҷо зиёда аз 40 давлат ширкат дошт. Дар ин сафар мо аз дигар давлатҳо дидан кардем, тараққиёти бештарро дидем. Дар он давлатҳо ихтироъкоронро дастгирии ҳамаҷониба мекунанд. Баъд аз муаррифии ихтироотам, ки бо забони ангисӣ сурат гирифт, аввал аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ медали тиллоро ба намояндаи Корея ва баъдан ба ман — намояндаи Тоҷикистон доданд. Хулоса, бо ду медали тилло аз онҷо баргаштам, ки мояи ифтихори занони Тоҷикистон аст.

-Дар форум чӣ қадар гиёҳҳоро муаррифӣ кардед?
-Мо аз экстарксияи гиёҳҳо маҳлул тайёр карда, ба хокаи истеҳсолкардаамон илова мекунем. Ҳамчунин, дар равған ва малҳамҳо низ бо чунин усул истифода мебарем. Экстракта ин усули кимиёвиест, ки гиёҳоро дар спирти этанол тар карда, то тамоми хосиятҳои шифобахшии гиёҳро ҷабида гирифтан нигоҳ медорем ва мо онро дар коркарди худ истифода мебарем.

-Пас аз бозгашт аз тарафи кадом идора ё сохторе ҳамчун барои муаррифии зани тоҷик дар арсаи байнамилалӣ қадрдонӣ гардидед?
-Танҳо вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ҳ. Неъматуллозода ҷамъомат ташкил карда, маро ба туҳфа сарфароз гардониданд. Як нуктаро мехоҳам қайд намоям, ки вақте мо дар Ӯзбекистон аз тайёра берун шудем, гуфтанд, ки як тараф истед, ҳоло иштирокчиёне, ки дар форуми Корея иштирок доштанд, ворид мешаванд, лекин ин кишвар ягон медал надошт. Вале вақте ба Тоҷикистон расидем, дар фурудгоҳ танҳо волидону пайвандонамон моро истиқбол гирифтанд…

-Аз сафари шумо огаҳӣ доштанд?
-Албатта, ин 12-умин Форуми занони ихтироъкор буд, ки дар Корея баргузор гашт.

-Ба ин дастовард ба кори хеш нуқта мегузоред ё давом додан мехоҳед?
-Вақте аз ин форум баргаштам, пеши худ мақсад гузоштам, ки бештар ба ин самт вақтамро сарф кунам. Махсусан, вобаста ба таркиби растаниҳои шифобахш машғул шавам. Махсусан, як маъдане, ки дорои калтсий мебошад. Ин барои баланд бардоштани миқдори муайяни модда дар организми инсон мусоидат мекунад, машғул шавам.

Маҳинаи Давлат,

Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner