• Mardon
  • 03.07.2019
  • 0

Машқҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон

Дар майдонҳои минтақаи кӯҳистони Лоҳур ва Самбули Тоҷикистон машқҳои ҷангии пойгоҳи низомии 201-и Русия дар ин кишвар оғоз шудааст.

Дар ин машқҳо беш аз 1 ҳазор нафар сарбозу афсар, беш аз 200 техникаи муосири ҷангӣ, танкҳои Т-72Б, мошинҳои ҷангии пиёдагардони БМП-2, бронетранспортёрҳои БТР-82А, системаи реактивии “Ураган” ва БМ-21 “Град” ширкат доранд.

Дар назар аст, дар ҷараёни машқҳои ҷангӣ, ки як ҳафта идома хоҳад дошт, ҳамоҳангии воҳидҳои ҷангии неруҳои пиёдагард, танкӣ, тӯпӣ, разведкаи ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини ҳарбӣ тамрин шавад.

Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар маҳсуб мешавад. Ин неруҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар мустақар шудаанд. Бар асоси созишномае, ки моҳи октябри соли 2012 миёни Русия ва Тоҷикистон имзо шуд, пойгоҳи низомии 201 то соли 2042 дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner