• Mardon
  • 11.07.2019
  • 0

Масрафи беш аз 25 миллион доллар барои харидории дору

Бино ба маълумоти расмӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 25 миллион доллари амрикоӣ дору ва таҷҳизоти тиббӣ ворид гардидааст.

Манобеъ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфтанд, ки аз ин ҷумла, ба маблағи 6,4 миллион доллар  дору ба ҳайси кумакҳои башардӯстона ба сокинони кишвар тавзеъ шудааст.

Зимнан, дар Тоҷикистон 2 ҳазору 477 дорухона фаъолият мекунад, ки 500 дорухона дар шаҳри Душанбе ва мутабоқӣ дар қисматҳои мухталифи кишвар воқеъ гаштаанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner