• Фарзона Муроди
  • 26.03.2019
  • 14

Мастчоҳ: Бародар ба хотири замин хоҳарро оғӯштаи хун кард


Маҳмадрозиқ Сангинов, омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии рақами 20-и деҳаи Фотеҳободи ҷамоати Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ шоми 19 март, соати 18:20 бо ду писараш ба хонаи хоҳараш- Салтанат Ҷумъаева омада ӯро мавриди латукуби шадид қарор додааст.
Ба гуфтаи Исоазиз Ҷумъаев, ҳамсари Салтанат моҷаро замоне рух дод, ки ӯ намози шом мехонду ҳамсараш гов меҷӯшид.
“Яке садои “зада куш-сахт сахт зан, зада куш..” гуфтани бародари ҳамсарам-Маҳмадрозиқ баланд шуд. Давида бароям, ки писарам Равшану ҳамсарам ба хун оғуштаанд. Бародараш ду писараш-Сафарбой ва Ғолибҷонро супориш дода истодааст, ки аммашон(Салтанат)-ро зада кушанд. Худаш дар даст арматур тарафи ҳамсарам кӯшиши ҳамла мекард, то ӯро нобуд кунад ”-гуфт ӯ.
Ба гуфти ҳамсари ҷабрдида мушкилоти замин ва ҷанҷоли хусумати хоҳару бародар ду соле пеш ба миён омада буд. Он замон ду хоҷагии деҳқонии “Хоҷагии меҳр” ва “Сангин Сафар” фаъолият мекард.
Аммо Маҳмадрозиқ Сангинов манфиатҳои шахсиятро пеш гузошта бе пурсиш ва розигии саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Сангин Сафар” ин хоҷагиро бо “Хоҷагии меҳр”, ки худаш раиси он аст, муттаҳид мекунад. Дар натиҷа, ҳудуди 10 сотих замине, ки ҳоло хоҳараш Салтанат хонаи истиқоматӣ бунёд кардааст, ба ихтиёри хоҷагии Маҳмадрозиқ мегузарад.
Ин бародар барои аз худ кардани замин давоми се сол хоҳараш ва фарзандони ӯро мавриди латукӯб қарор медиҳад, то хонаю заминро тарк кунанд. Маҳмадрозиқ пештар хоҳарро зада бинияшро шикаста ва таҳдиди куштан карда буд.
Салтанат Ҷумъаева феълан дар беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд бистарӣ шудааст. Додситонии ноҳияи Мастчоҳ дар посух ба шикояти Исоазиз Ҷумъаев, ҳамсари Салтанат бародару хоҳарро ба муросо даъват карда ва машварат додааст, ки мушкили хонаводагиро бидуни ҷанҷол ҳал кунанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Алиҷон:

    Аҷаб дунёе.

  • Said:

    Масчоххам мисли Айни будааст ку Чойе,ки зуриву пул хаст конун коре карда наметавонад,дар Ин ду нохия

  • Anonymous:

    Баъд пушаймони зарур намешавад.Барои 10-сотих замин хамрои хохар ё апа чанг кардан.

  • Бону:

    Мур аз ин рузат ба хотири дах сотих замин…. садкаи номи хохар шави…

  • Гулчахон 80:

    Дустони азиз! Чун мочаро низ пайваста хамрохи ман аст. Хамчун фарзанди калон, ки 5 апаву хохарем хамеша ба фарзандони падарам кумак мерасонам, вале мудом пайи мунокишаи хамширахои хешам. дар 3 сотих замини хавлии падарам хона сохтаам, шикасту рехти ахли байт пасваста ёри медихам. вале фарзандони падар чун лахти чигарам намегузоранд, ки дар он хона осуда зиям, пас чи бояд кард намедонам.

  • Алишер:

    Дар инчо макомотхои нохияи мастчох айбдоранд дарин чониб Хокими нохияи Азиззодаи Гайрат ва раиси кумаи замин Зокиров Умед барои ин нафарон факат пул бошад шуд милат давлат барои инхо фаркаш нест тамоми нохияи мастчох хаминхеласт харчеки ин нафаро сари вазифа омадиян дарин нохия чангу чанчол бисерай

  • Anonymous:

    Вой бархоли ин бародар Масчохи нав аз Мастчохи Кухи ёдгирифтабошад ки барои замин фарзандони Падарро аз якдигар махрум мекунанд ин чи бесару сомонист

  • саша:

    ето дунё времмено ачаб дунёе.

  • Хайём:

    Дар ин замона кадри бародарию хохарам намондай хайф.Бар ин хел Бародар , ки барои замин хохари худро лату куб мекунад

  • Ватандор:

    Салом рузноманигорон ин як шармандаги чангу чанчоли байни оилави ва якчизро мехохам гуям ки иннафари латкардаги шояд пулдору одамдор бошад аз руи хондагиман ва фахмиши ман бори онки якбору дубораш нест шояд одамои задаги дарнохия еки дар Ватан берун баромада бурафтаги бошанд инхам як мода дар Ватани мо еки дарин нохия барои онки ба фикрам тагои дорай дар органи нохия?

  • Айём:

    Пракурору Милиса инхо вактеки сари мансаб мебиен то шиносу пасредник ёфтана худашона якбор нишон медиханки хакони инхо хакикатчу хастан ва барои миллату давлат кормекунанд вактеки одамошона ёфтан дигар факат барои киса кормекунанд шояд пуракурори нохиятон бо Махмадрозик муомилаш пухтаги шудагист барои онки аз гардани худаш сокидкард ки байни худатон муомила кунед агар зиндамонад намонад хавола ба худо

  • Айнӣ:

    Саид бародар чи айниро паст мезани?

  • sssss:

    наход барои 10 сотих хохар куштан дунёи дуруза …………

  • Олимҷон:

    Манам ҳамфикри Саид ҳастам мебинам ки дар ҷое ки пулу қудрат ҳаст ягон мақомот коре карда наметавонад бояд ин масъаларо тамоми мақомот ҷиддӣ гиранд

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner