Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Масъуди Терештвол: «Ҷанги Афғонистон ба минтақа хатар дорад»

-Меҳвари сулҳ ва мусолиҳа дар Афғонистон;

амгироии мантақавӣ дар сулҳи Афғонистон;

-Монеаҳои сулҳ дар Афғонистон ё чаро ин кишвар ба сулҳ намерасад?;

-Роҳи расидан ба сулҳ.

Ин чаҳор нукта меҳвари суҳбати Масъуд Терештвол – устоди донишгоҳ ва раиси Муассисаи мутолиоти ҳуқуқӣ ва сиёсии Афғонистон буд, ки дар маҳфили «Гуфтугӯйи тамаддунҳо» садо дод. Ин суҳбат то як андоза рамзӣ ҳам буд, зеро он дар арафаи 40-солагии даромадани Артиши шӯравӣ ба хоки Афғонистон ва оғози ҷанг дар ин кишвар баргузор гардид. Дар суханронии Терештвол соиб баъзе нуктаҳои ҷолибе буданд, ки қабл аз пешниҳоди суҳбат онҳоро чун тезис меорам:

  • Дар фаҳмиши муосир набудани сулҳ – набудани ҷанг нест, балки набудани адолат аст;
  • Ман 36 сол дорам, вале сулҳро надидаам. Бинобар ин, сулҳ барои ман як чизи ормонӣ шудааст. Гарчанде ҳамеша дар ҷанг зистаам, орзу мекунам, ки лоақал ояндагони ман дар сулҳ зиста бошанд;
  • Сулҳ раванде аст, ки тавассути сиёсатмадорон меояд, тавассути низомиён ҳифз мешавад ва тавассути мардум истиқрор пайдо мекунад;
  • Ҳамон тавре ки ҳамсоягонамон аз мо нигарон ҳастанд, мо ҳам аз онҳо нигаронем;
  • Сулҳро дар Афғонистон онҳое оварда метавонанд, ки ҷангро оварданд;
  • Мо айни замон дар раванди мусолиҳа нестем, балки дар раванди музокира қарор дорем;
  • 19 сол аст, ки дар Афғонистон неруҳои хориҷӣ қарор доранд. То омадани онҳо дар кишвари мо 2 гурӯҳи террористӣ буд, айни замон 43 гурӯҳи террористӣ фаъол аст;
  • То замоне ки ҷавони Афғонистон камарашро барои кишвари худаш немебандад ва онро намесазад, касе онро сохта наметавонад…

-Чанд рӯз қабл дар Маскав нишасти сулҳи Афғонистон баргузор гардид, ки ҳукумати Ашраф Ғанӣ расман онро эътироф накард. Назари шумо нисбати ин нишаст чист?

-Ин шояд нахустин нишасте буд, ки роҳбарони дафтари сиёсии «Толибон» дар Қатар бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ҷараёнҳои сиёсӣ ва нухбагони Афғонистон мустақиман музокира карданд. Гарчане нуктаи назарҳо мухталиф аст, аммо ман аз ин нишаст истиқбол мекунам, зеро ҳар навъ ташаббус, новобаста аз он ки аз ҷониби кист, барои сулҳи Афғонистон муҳим аст.

-Яке аз бандҳои қатънома эътирофи дафтари сиёсии «Толибон» дар Қатар аст. Оё ин нуфузи «Толибон»-ро дигарбора баланд намекунад?

-Дафтари сиёсии «Толибон» дар Қатар вуҷуд дорад. Баръакс, музокира бо «Толибон» метавонад дидгоҳҳоро наздиктар намояд.

-Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ки нишасти Маскав раванди сулҳро барбод медиҳад, зеро намояндагони ҳукумати қонунӣ дар он ширкат намекунанд. Бархеи дигар мегӯянд, ки Маскав мехоҳад соҳиби сулҳи Афғонистон бошад ва монанди ин. Назари шумо чист?

-Дар масъалаи сулҳ Афғонистон 2 бозигар дорад, яке давлатӣ, дигаре ғайридавлатӣ. Ҳукумати Афғонистон расман Шӯрои олии сулҳ дорад ва расман ба ҷанг мубориза мебарад, гурӯҳҳои опозитсион ва равшанфикрон бо шеваи худ барои сулҳ мубориза мебаранд. Ин ҷо муҳим нест, ки кӣ аз кадом қанот аст. Муҳим он аст, ки ҳадаф ягона бошад ва моро ба сулҳ расонад. Нишасти Маскав аз аҳамият холӣ набуд, ҳатто он ҷо намояндаи занон ба «Толибон» муроҷиат кард, ки агар шумо оед, ба занҳо озодӣ медиҳед?

-«Толибон» вақте ки соли 1994 корро шурӯъ карданд, гуфта буданд, ки Тоҳиршоҳро меоранд ва давлати қаблиро барқарор мекунанд, аммо ин корро накарданд. Ҳозир ҳам агар ваъда диҳанд, ки ба занҳо озодӣ медиҳем, вале дар ниҳоят фиреб кунанд, чӣ?

-Аввал ин ки мо сулҳро аз «Толибон» намехоҳем. Ҷанги Афғонистон, ҷанги қавмӣ ва дохилӣ нест, ин ҷанг -ҷанги дигарҳо дар ватани мост. Мо сулҳро аз касоне мехоҳем, ки ҷангро ба Афғонистон оварданд ва то имрӯз ҳимоя мекунанд. Мо калонтар аз «Толибон»-ро мехоҳем. Калиди сулҳ дар дигар ҷост. Барои расидан ба сулҳ дар Афғонистон нақши кишварҳои минтақа ва абарқудратҳо муҳим аст.

-Ба фикри шумо, Аҳмадшоҳи Масъуд, устод Бурҳониддини Раббонӣ ва билохира генерал Абдурозиқ қурбониёни ҷанг ҳастанд ё сулҳ?

-Устод Раббонӣ шаҳиди сулҳи Афғонистон мебошад. Устод ба сифати раиси Бунёди сулҳ шаҳид шуд. Ёд дорам, ки боре наздашон рафтам. Гуфтанд, ки «ба ман мегӯянд, ки агар шумо раиси Шӯрои олии сулҳ шавед, беиззат хоҳед шуд. Ман гуфтам, ки агар ман дар роҳи сулҳ шаҳид шавам, ин барои ман беҳтарин иззат аст. Устод Масъуд ва Раббонӣ шаҳидони сулҳ ҳастанд, ки барои овардани сулҳ фавтиданд. Мо ифтихор мекунем, ки онҳо барои сулҳи Тоҷикистон ҳам саҳм доранд ва инро тоҷикон қадр мекунанд. Ҳаводиси охире, ки дар Афғонистон мегузарад, ҳамааш ҳаводиси террористист. Генерал Абдурозиқро неруи дохилӣ накуштааст. Мутаассифона, ин гуна ҳодисаҳо зиёданд ва раванди ҷангро метезонанд. Пайравони онҳо, ба хотире ки роҳбаронашонро мекушанд, боз ҳам вориди ҷанг мешаванд, ҳол он ки барои расидан ба сулҳ фикри мо бояд тағйир ёбад, мо ба хотири посдории хуни шуҳадо дар фикри сулҳ бошем.

-Сухангӯйи Вазорати дифои Афғонистон оқои Ризоӣ мегӯяд, ки неруҳои даргири Афғонистон ба ҳамсояҳои шимолӣ хатаре надоранд. Яъне, ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия хатар таҳдид намекунад. Назари шумо чист?

-Ҷанг падидаи вайронгар аст. Ҳеҷ кас тазмин карда наметавонад, ки террорист аз як хона ба хонаи дигар намеравад. Контроли террорист дар дасти мо нест, дар дасти давлат ҳам нест ва террорист марз намешиносад. Бинобар, ин ҷанги Афғонистон ба ҳама минтақа хатар дорад.

-Ба наздикӣ интихоботи Раисҷумҳури Афғонистон аст. Даъфаи гузашта он 4 моҳ идома карда буд. Оё ин ба раванди сулҳ таъсир мерасонад ва демократӣ аст?

-Бубинед, дар солҳои ҷанг яке аз дастовардҳои асосии мо Қонуни асосии Афғонистон аст, ки яке аз беҳтарин қонунҳои дунёст. Дар робита ба ин, мо озодии баёни ақида дорем ва имрӯз 76 ҳизби сиёсӣ ва зиёда аз 2000 расона дар кишвари мо фаъол аст. Дар мавриди интихобот бошад, дар кишваре, ки амният нест, интихоботи саросарӣ вуҷуд дошта наметавонад.

-Оё бидуни интихобот сохтаи ҳукумат имкон надорад?

-Не, мо даҳҳо низомро таҷриба карда, ба хулоса омадем, ки интихобот муҳим аст, бо вуҷуди он ки мушкил бошад.

-Аз 76 ҳизби сиёсии Афғонистон чанд ҳизб хусусияти умумимиллӣ дорад?

-Мутаассифона, ин аҳзоб ҳамеша таъсиргузор нестанд. Ба фикри ман, дар кишвари мо бояд 5 ҳизби боқувват дошта бошем, кифоя аст.

Андеша:

Файзулло Ҷалол, коршиноси сиёсӣ, Афғонистон:

«Бозии ҷанг ва сулҳ»

Бозии ҷанг, бозии сулҳ, бозии давлатсозӣ, бозии демократия дар Афғонистон пеши тоҷикҳо нест. Мо набояд, худро фиреб диҳем, балки дар ин маврид возеҳу равшан гап занем.  Тоҷикистон низ бояд дар ҷараён қарор бигирад.

Дар нишасти сулҳи Афғонистон дар Қатар ва ҳам дар Маскав нақши мо сатҳӣ буд. Албатта, дар нишастҳои баъдӣ ҳам моро расман даъват мекунанд, то онро ҷанбаи миллӣ диҳанд.

Мулло Ҳайбатулло кист? Халилзод кист? Бинобар ин, ибтикори сулҳ пеши давлати исломист. Ашраф Ғани кист? Карзай кист? Атмар кист? Мо пушти инҳо мегардем, ки қудрати инҳо ранги миллӣ бигирад.

Он ибтикороте, ки дар даврони муқовимат, дар давраи Раббонӣ ва Масъуд доштем, ҳоло надорем. Он замон аз Кӯлоб то Тахор омир соиб Масъуд нуфуз дошт ва Тоҷикистон низ дар пушти мо буд. Вақте Масъудро кулли дунё ҷавоб дод, шумо тоҷикҳо як луқма нонатонро бо Масъуд тақсим кардед. Халилӣ ҳам ин ҷо меомаду Карзаю Дустум ҳам. Ҳоло ин тавр нест ва мо тоҷикон дар он меҳвар нестем.

Мо медонем, ки ҷанг чист. Он ба мо хисороти зиёде овард, аммо дар баробари ин, чашми мардумро кушод. Мардум бедор шуданд ва дигар ба «сулҳсозии» инҳо бовар надоранд.

Ҷанге, ки поёнаш як сулҳи нангин бошад ва маҳкумияту мазлумияти мо бошад, мо аз он сулҳ безорем. Мо ин гуна сулҳро намехоҳем. Сулҳе, ки манфиати миллии моро ба назар нагирад, бигӯяд, ки мо аввал бошему шумо дуввум ин сулҳ нест, балки оғози як бадбахтии ҷадид аст, ки дар имтидоди таърих мо онро бо хуну пӯст таҷриба кардем.

Дар нишасти Маскав низ, бо вуҷуди он ки бархе шахсиятҳо буданд, як теъдод муҷоҳидин ширкат карданд, аммо намояндагони неруҳои миллӣ, равшанфикрон ва намояндагони занон набуд. Дар Маскав тарафдорони Ландан, тарафдорони Маскав ва тарафдорони Покистон ҷаласа карданд ва мехоҳанд бо тарафдорони Амрико дар арки Ашраф Ғанӣ тавофуқ кунанд…

Ин аст, воқеияти муаммои сулҳи Афғонистон.

Одил Нозир,

«Тоҷикистон»

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.