Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мавзуна Чориева: Ман зӯри кӯчаамон будам!

Мавзуна Чориева варзишгари пурэнерҷӣ, бомаҳорат, муштзӯр ва тилисмшикане аст, ки дар Тоҷикистон рақибонашро шикаст дода, роҳхат ба мусобиқаҳои ҷаҳонро ба даст овард.

Мавзуна Чориева варзишгари пурэнерҷӣ, бомаҳорат, муштзӯр ва тилисмшикане аст, ки дар Тоҷикистон рақибонашро шикаст дода, роҳхат ба мусобиқаҳои ҷаҳонро ба даст овард. Ӯ аввал дар Осиё, баъдан дар Аврупо байрақи Тоҷикистонро баланд бардошта, билохира майдони олимпиро ҳам фатҳ намуд. Имрӯз Мавзуна Чориева на танҳо варзишгар, балки модар ҳам ҳаст. Ӯ бо шавҳараш  Амон Бобоев Асияи 6-соларо ба воя мерасонад. Дар арафаи Рӯзи ҷавонон бо ин варзишгарии номии кишвар ҳамсуҳбат шудем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо менамоем.

— Чандест, ки шуморо дар телевизион намебинам ва дар саҳифаҳои матбуот ҳам пайдо намешавед. Суоли нахустинам ин аст, ки айни замон машғули чӣ кор ҳастед ва чӣ рӯзгор доред?

— Шояд аз чашми журналистон дур гашта бошам, вале ман ҳамарӯза ба варзиши бокс машғулам ва барои тамрин ҳама соати умри худро сарф намуда истодаам. Сабаби дар расонаҳо набуданамро аз худатон гила кунед, чунки журналист ташаббускори суҳбат аст, на варзишгар.

— Айни замон шумо чӣ вазифаро ба уҳда доред,  кори роҳбарӣ ба тамрини шумо халал намерасонад?

— Айни замон 4 вазифаро ба уҳда дорам. Вакили халқии шаҳри Душанбе — депутат ҳастам, дар Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи миллии олимпӣ низ фаъолият дорам ва бо шогирдонам тамрин мекунам.

— Барои бонуи варзишгар ҳомиладорӣ чӣ таъсир мерасонад ва баъди таваллуди кӯдак чӣ қадар вақт лозим аст, ки бадани шумо боз ба варзиш омода гардад?

— Рости гап ягон таъсири ҷиддӣ намерасонад, баръакс ман дар хона бе ёрии ҳамшира таваллуд кардаам (механдад). Баъди таваллуд бадани варзишгарзан дар 8 моҳ ё ин ки як сол барқарор мешавад.

Мавзуна Чориева бо модараш ва шавҳараш

— Мавзуна, шумо умуман дар чанд мусобиқаи байналмилалӣ ширкат кардаед? Бурдатон зиёд буд ё бохт?

— Ман дар зиёда аз 300 мусобиқа ширкат карда, дар ҳаётам ҳамагӣ 3 бохт дорам. Як бохтам дар чемпионати ҷаҳон буд дар бозиҳои нимфиналӣ, дуюмаш дар бозиҳои олимпӣ ва сеюмаш дар Чемпионати Осиё, ки дар Манголия гузашт.

— Чанде пеш дар сомонаҳои интернетӣ хонда будам, ки шумо дигар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат карда наметавонед.  Сабаб чист?

— Ман 5 сол аст, ки аз варзиш дур ҳастам ва дар ягон мусобиқа ширкат намекунам. Аз кӯдакӣ орзу мекардам, ки чемпиони Осиё, чемпиони ҷаҳон ва чемпиони бозиҳои олимпӣ шавам. Чунин ҳам шуд ва ин 3 ҷоизаро ба даст овардам. Илова бар ин, ба волидонам исбот кардам, ки ман метавонам ва чунин ҳам шуд. Ҳоло зиндагӣ идома дорад, кӯдак дорам. Оянда мебинем чӣ мешавад.

— Боре шудааст, ки дар кӯча ҷавоне ба шумо гап партофта бошаду шумо ӯро зада бошед? Умуман, мардҳо чанд маротиба аз дасти шумо шатта хӯрда, мағлуб шудаанд?

— Ростӣ чунин ҳолат набуд, вале ман худам бо ҳар баҳона бо бачаҳо ҷанг мешудам. Фикр мекардам, ки ин ба ман таҷриба мешавад. Агар ҳозир мардуми Кӯлобро пурсед, Мавзуна кист, онҳо маро ҳамчун писар мешиносанд, зеро бо ними бачаҳо ҷанг кардаам. Ман зӯри кӯчаамон будам. Аз сабаби бисёр ҷанг карданам, маро 5 бор аз мактаб рондаанд (механдад).

Оё нияти кушодани Мактаби варзиширо надоред?

— Албатта, чунин ният дорам. Мактаби варзишиамро рӯзҳои наздик мекушоям ва духтарону писарони аз 10 — сола болоро қабул мекунам. Чунки дар ин синнусол кӯдакон аз лиҳози ҷисмониву рӯҳонӣ ба варзиш омода мешаванд. Ҳоло ҳам шогирдонро тарбия карда истодаам ва таҷриба пайдо мекунам.

— Миёни шогирдонатон духтарон зиёданд ё писарон?

— Айни замон духтарон зиёдтаранд.

— Аз ибтидо волидонатон аз соҳаи интихобкардаатон розӣ буданд?

— Албатта, розӣ буданд. Аз хурдиам падарам бо ман машқ мекарданд. Мӯи сарамро мисли бачаҳо метарошиданду мисли бачаҳо либос мепӯшонданд. Мудом бо бачаҳо ҷанг мемонданд. Бисёр хешу таборамон аз кори падарам розӣ набуданду бо чашми каҷ нигоҳ мекарданд, аммо он кас маро ҳамчун варзишгар ба воя расониданд. Ҳамаи талошҳои ман ҳам дар варзиш ба хотири шод кардани рӯҳи падари раҳматиам буд, ки мутаассифона, дастовардҳои маро надиданд.

Муваффақ шудан дар варзиш кори хеле сангин аст. Азоби инро шумо медонед. Оё боре дар мавриди ояндаи духтаратон фикр кардед? Мехоҳед, ки ӯ варзишгар шавад?

— Духтарчаам аз ҳозир ба машқи таэквандо машғул аст ва мураббияш хоҳари худам мебошад. Агар баъди хатми мактаб Асияҷон ягон касби дигар интихоб кунад, ман ҳеҷ гоҳ зид намебароям. Агар варзишро низ интихоб кунад, дастгираш мешавам. Чунки ин интихоби ӯст.

— Ягон ҳолате буд, ки шуморо рӯҳафтода карда, маҷбур карда бошад, ки аз варзиш даст кашед?

— Не, чунин ҳолат набуд. Буданд рӯзҳое, ки албатта, маро рӯҳафтода мекард, вале ҳамаашро ман таҳаммул мекардаму ба хотири падару модарам ба пеш ҳаракат мекардам. Ва ҳеҷ гоҳ нашудааст, ки аз варзиш даст кашам.

— Барои онҳое, ки дар соҳаи варзиш комёбиҳои назаррасро ба даст овардан мехоҳанд, чӣ маслиҳат медиҳед?

— Вақте ки шахс ягон соҳаро интихоб мекунад, на танҳо соҳаи варзиш, ӯ бояд то ба охир мубориза барад. Тамоми кор мушкилии худро дорад, ва барои расидан ба қуллаҳои баланд, ҳар инсонро пастиву баландиҳои бисёре пеши рӯ мебарояд. Варзишгар бояд аз мушкилиҳо ҳеҷ гоҳ наҳаросад. Бояд дӯстдори касби худ шавад. Агар рақибони ман 20 километр медавиданд, ман 40 километр, агар онҳо 5 – 6 сол машқ мекарданд, ман 10 сол, агар онҳо бо духтарон қувваозмоӣ кунанд, ман бо писарон. Ҳамаи ин ба ман неру мебахшид ва шукр, ки ман обрӯи давлатамро бардоштам.

-Дар бораи шавҳаратон каме маълумот диҳед.

-Шавҳари ман Амон Бобоев ҳам варзишгар аст. Мо аз ибтидо дар як толори варзишӣ машқ мекардем. Ҳардуямон аз аввал ҷӯра будем, баъдан ин дӯстии мо ба меҳру муҳаббат мубаддал шуду он кас маро хостгорӣ карданд. Эшон ҳамеша дар паҳлуи ман мебошанд ва маро дастгирӣ мекунанд.

Мусоҳиб

МУМТОЗ

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Лоланисо 06.06.2019 22:58

    Зани точик мушти пар набудаст
    Зи мардон кам, паси сангар набудаст.
    Намуд Мавзуна исботе ба майдон,
    Ки кам аз хеч шери нар набудаст!
    Ман ин рубоиро пас аз голибияти Мавзуна дар Лондон навишта будам. Мехохам инро ба у расонед….

Ваш e-mail не будет опубликован.