Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Маъюбон: Чаро аз имтиёзҳояшон маҳруманд?

Тайи чанд соли охир мушкилии маъюбон дар ҷомеа баҳсҳои зиёдеро дар пай дорад. Яке аз он ҳамасола аз муоинаи тиббӣ гузаштани ин гурӯҳи одамон, ки аксарияташон маъюби модарзодӣ доранд, мебошанд. 

Тайи чанд соли охир мушкилии маъюбон дар ҷомеа баҳсҳои зиёдеро дар пай дорад. Яке аз он ҳамасола аз муоинаи тиббӣ гузаштани ин гурӯҳи одамон, ки аксарияташон маъюби модарзодӣ доранд, мебошанд.

Онҳо шикоят аз он доранд, ки нафақае, ки аз давлат мегиранд, кифоя набуда, дар баробари ин аз деҳаҳои дур аз марказ, ки имконияти бистарӣ шудану айёдати ҳамарӯзаи онҳоро надоранд, чунин қарорҳо ба зиндагии онҳо мушкилиҳоро бештар меорад. 

Набудани роҳҳои махсус дар биноҳои истиқоматӣ, фарҳангӣ ва тарабхонаҳову ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ, ки маъюбон ба он ниёз доранд, мебошад.  Дар модаи 33-и Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” омадааст, ки “Масъалаҳои маъюбон бе иштироки худи Иттиҳодияти маъюбон чӣ дар сатҳи давлатӣ ва чӣ дар дигар сатҳо дида нашавад”. Аз ин бар меояд, ки дар тарҳи биноҳои нави ҷамъиятиву фарҳангӣ назари онҳо ба инобат гирифта шавад, вале то куҷо ин қонун амалӣ мешавад, муаммост.

Ҷои пӯшида нест, ки роҳравҳое, ки бояд барои маъюбон сохта шавад, хеле кам ба назар мерасад, ки онҳо ба талаботҳои меъёрии кунунӣ ҷавобгӯ бошанд. Мисоли одӣ, агар роҳравҳои зеризаминиро гирем, ҳолатеро мемонад, ки “Хоҷа боғ дорӣ, дорам” мебошад.  Ба ин монанд, ҷойҳои фарҳангию фароғатӣ, биноҳои навсохт низ аз ин мушкилӣ орӣ нестанд. Ба фарзи мисол зинапояҳои назди “Осорхонаи миллӣ”, ки  ҳам кунҷи хеле баланд дораду ҳам то охири зинаҳо ин роҳрав омада нарасидааст.  Чунин мисолҳо танҳо дар дохили шаҳри Душанбе  ба мушоҳида расид, ки  хеле зиёд аст.

Асадулло Зикрихудоев,
Раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон

То куҷо ин модаи қонунгузор аз тарафи лоиҳакашон ва шахсони алоҳида ба назар гирифта мешавад, Асадулло Зикрихудоев , Раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар суҳбат ба мо чунин гуфт:

-Дар ҷомеи мо то имрӯз нисбати маъюбон нигоҳу дидӣ дигар доранд ва мутаассифона, дар бештари маврид онҳоро аз ҷомеа берун ҳисоб мекунанд. Вақте мо дар бораи мушкилиҳои иҷтимоии маъюбон сухан мекунем, такя ба модели иҷтимоӣ менамоем. Яъне муҳите, ки шахси маъюб зиндагӣ мекунад, бояд онро мутобиқ гардонем, то ки дар ҷомеа фаъол бошанд. Яке аз ин самтҳо ташкили муҳити дастрас, яъне биноҳо, роҳравҳо, нақлиёт, муносибат, иттилоот мебошад. Барои шахсони нобино бештар иттилоот зарур аст, шахсоне, ки ҷисамн маъюбият доранд, барои онҳо бояд дастраси ҷисмонӣ муҳайё карда шавад.   

Масалан, худи ман дар тарҳи чандин биноҳои шаҳри Душанбе, дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон  рейдҳо дар биноҳои сохташаванда мегузаронем. Дар онҷо лоиҳаро аз назар гузаронида, тавсия медиҳем. Дар бисёр ҳолат дар лоиҳа ларҷ шудааст, вале дар вақти сохтмон ба назар гирифта намешавад, ки сабабҳои гуногун дорад.  Дар аксар ҳолат онҳо тавре сохта мешаванд, ки тамоман ба талабот ҷавобгӯ нестанд, ё  кунҷи баланд доранд, ё кутоҳу аз андозаи муқарраршуда хурд ҳастанд, ба монандӣ инҳо. Танҳо дар назди бинои Сирки давлатӣ роҳравӣ ба талаботҷавобгӯбуда сохта шудааст. 

Тавассур кунед, ки дар бонкҳо барои маъюбоне, ки ба аробачаи  маъюбӣ ҳастанд, имконият фароҳам оварда нашудааст. Вақте ба хориҷа назар меандозем, ҳатто барои нобиноҳо шароит пурра муҳайё аст. Онҳо мустақилона аз он имову ишораҳои хости худашон, ки дар роҳравҳо кашида шудааст, истифода мекунанд. Вобаста ба ҳамин масъала ман бо роҳбари бонки миллӣ, ки бинои навро месохтанд, пешниҳоди чунин имкониятҳои иҷтимоии маъюбонро кардам. Ҳатто ҳамон видеоро пешниҳод намудам. Вале намедонам, ки ин пешниҳод то куҷо дастгирӣ меёбад.

Ҳамсуҳбати мо дар идомаи суҳбаташон қайд карданд, ки тибқи меъёрҳои тиббӣ бояд бо аробачаи маъюбӣ гашту гузор кунам, вале ба хотири набудани имкониятҳои мавҷуда барои маъюбон, масалан, набудани роҳравҳо дар ҷойҳои зарурӣ аз  асобағал истифода мебарам. Истифодаи ду намуди тавонбахширо табибон манъ мекунанд,  вале боз ҳам набуданӣ имкониятҳои дастрас бар зиддӣ саломатиам амал мекунам ва истифодаи асобағал бароямон қулайтар мебошад.  

Мо аз чанд мавзеъҳои дар дохили шаҳри Душанбе буда ва ҷойҳои серодамгузар дидан намуда, дар ҳақиқат ба вазъи он ҷойҳо шинос шудам ва ҳатто дар баъзе аз роҳҳои зеризаминӣ, роҳравҳое, ки барои маъюбон гузоштаанд, одамони солим гузашта наметавонанд.  Боиси таассуф аст, ки Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” иҷро намешавад ва агар иҷро ҳам шавад, ба талаботи маъюбон ҷавобгӯ набуда иҷро мегардад. Кӣ бояд ба ин ҷавоб гӯяд, лоиҳакашон ё сохторҳои марбута?

Маҳинаи Давлат

“Тоҷикистон”

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.