Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Маъюбон дар Душанбе ҳунари қаннодиро меомӯзанд

Дар шаҳри Душанбе созмони ҷамъиятии «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон давраҳои кӯтоҳмуддати касбии қаннодиро барои калонсолон ифтитоҳ кард.

Давраҳи омӯзишӣ бар асоси усули DACUM, яъне усули таҳлили ихтисос ва таҳияи нақшаи таълимӣ, аз ҷониби гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълими Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Пажўҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахши маъюбон ва омӯзгори МТКТ баргузор мешавад.

Давраҳои омӯзишӣ барои гурӯҳҳои омехта бо иштироки маъюбон гузаронда мешавад. Баъдтар, 3 давраи дигари омӯзишии таҳсилоти ибтидоии касбии фарогир аз рӯи ихтисосҳои “Занбӯрпарвар”, “Гулпарвар” ва “Таъмири асбобҳои рӯзгор” дар филиалҳои МТКТ дар ноҳияи Рашт, шаҳрҳои Душанбе ва Панҷакент ташкил карда мешаванд.

Ин фаъолият дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон» бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд анҷом мешавад.

Лоиҳа аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ мегардад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.