Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Меҳринигори Рустам … ҳуқуқшинос мешавад

Хонаводаамон хостанд, ки маълумоти дуюми ман ҳуқуқшинос бошад. Барои донистани ҳуқуқҳои худ ва ҳимояи онҳо ин самт интихоб шуд ва пушаймон низ нестам. Гарчанде солҳои аввал барои худам чандон писанд набуд.

Меҳнигори Рустам, яке аз сарояндаҳои ҷавон ва шинохтаи тоҷик факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм намудааст.

Дар ин бора худи Меҳрнигор дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дода, навиштааст, ки акнун ӯ мутахассиси риштаи ҳуқуқ низ ҳаст.

Овозхон инчунин таъкид кардааст, ки устодон нисбати таҳсилаш дар факултет сахтгир буданд, ки ӯ ба ин мартаба расид.

«Ранги сурх рамзи талош, муваффақият, зафармандӣ ва сурхрӯиву сарбаландӣ. Гирифтани дипломи сурх як ҳодисаи хеле муҳим дар зиндагии ман аст. Аз тамоми устодон, дотсентони кафедра, ректор миннатдорам, ки бо сахтгириашон маро мутахассиси риштаи ҳуқуқ карданд. Сипоси фаровон ба ҳамкасбонам аз ДМТ. Ба гуфти бибиам Худо рӯи ҳамаи шуморо сурх гардонад», — менависад Меҳринигор.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Меҳринигор ҳангоми суҳбат бо Манзумаи Фирӯз дар “Азия-Плюс” ба саволи “Чаро маълумоти дуюматонро ҳуқуқшинос интихоб кардед?” чунин ҷавоб дода буд:

— Хонаводаамон хостанд, ки маълумоти дуюми ман ҳуқуқшинос бошад. Барои донистани ҳуқуқҳои худ ва ҳимояи онҳо ин самт интихоб шуд ва пушаймон низ нестам. Гарчанде солҳои аввал барои худам чандон писанд набуд. Ҳунарманд, ки будам дар байни нафарони ҳуқуқшинос худро нороҳат эҳсос мекардам, чун таваҷҷӯҳ низ хеле зиёд буд. Баъди муддате одат кардам ва дигар мушкилӣ надоштам.

Лозим ба ёдоварист, ки Меҳринигори Рустам, 14 октябри соли 1994 таваллуд шудааст.  Аз синни панҷсолагӣ ба сурудхонӣ шурӯъ карда, тӯли 19 сол мешавад, ки санъаткор аст. Дар мактаби мусиқии ба номи  Миратулло Атоев (пештар ба номи Малика Собирова буд) то синфи шаш таҳсил намуда, аз синфи 7 то 11 дар мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе таҳсил кардааст. Дар Консерватория миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамчун овозхони академӣ таҳсил карда, ду консерти операвӣ низ баҳри мухлисонаш пешкаш намудааст. Соли 2016 барои гирифтани маълумоти дуюм ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ супорида, онро низ хатм кард. Меҳринигор дорандаи ҷоизаи фестивал ва барномаҳои зиёд буда, тез-тез дар консертҳои дохил ва хориҷи кишвар ҳунарнамоӣ мекунад. 

Аммо феълан ҳунарманд тавзеҳ надодааст, ки дар соҳаи ҳуқуқ фаъолият хоҳад кард ё на.

Тавре ба хабарнигори сомонаи “Tajikistantimes.com” аз раёсати Донишгоҳи милллии Тоҷикистон хабар доданд, имсол Донишгоҳи миллиро 270 нафар бо дипломи сурх хатм карданд. Дар байни гирандагони дипломи сурх 2 магистри факултети журналистика Меҳрангез Қодирова ва Наврӯзмоҳ Вазирбекова низ будаанд.

Бояд таъкид намуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, яке аз аввалин муассисаҳои олии кишвар аст, ки соли 1947 ҳамчун Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ташкил шуда буд. Аз соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хоса дорад. Дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат дарпешрафти давлати мустақили Тоҷикистон,рушду равнақи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии кишвар саҳмиарзанда мегузоранд.

Феълан донишгоҳ дорои 18 факултет, 114 кафедра, Институти илмию тадқиқотӣ, Литсейи равияи табиӣ-риёзӣ, Китобхонаи илмӣ ва электронӣ, 112 озмоишгоҳи илмию таълимӣ ва тадқиқотӣ, 10 маркази интернетӣ, 52 синфхонаи компютерӣ, 39 кабинети лингофонӣ, зиёда аз 10 марказҳои хизматрасонии таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, осоишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ мебошад.

-->

Шарҳ

24 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Parviz Jabborzoda 04.07.2019 14:33

    Аз Падари Бузургвораш охирон дуъои нек гирад аввал, баъд диплом қалбакӣ мегирад…..

  2. Parviz Jabborzoda 04.07.2019 14:34

    Э ҳамин тавр ҳам мешудааст да

  3. Parviz Jabborzoda 04.07.2019 14:35

    дипломи сурхи точики баробар ба дипломи кабуди дигар мамлакатхо мебошад

  4. Abdur Rahman Sharifov 04.07.2019 14:36

    Ира меган холаи хамакора))))

    Мора вазиромон хаминхеланд аз сарояндохо чи умед?

    Вазир селхоз тамом кардааст аммо вазири тандурусти

    Вазир ПТУ тамом кардаст аммо вазири маориф мешавад….

  5. Ибодулло Саидов 04.07.2019 14:59

    Сохаи ояндаи вазорати адлия дар дасти худутай. Сахт бигир!

  6. Саломов Юсуфджон 04.07.2019 14:59

    Ана акнун сароянда хукукхои моро химоя мекунад.Андеша кунед ки касоб дузанда хохад шуд.Окубати кор ба хайр.

  7. Хусайн Ходжаев 04.07.2019 15:01

    Агар ҳозир пурсиш аз қонун ягон чи ҷавоб намедиҳад ва дипломи сурх дорад

  8. Hamta Tanha 04.07.2019 15:02

    Мардум шумора нафахмидам хофиза шавад мигин касп пайдо накарди холи диге касп равад бозам харфи худатона пайдо микунед занхои точик факат гову мол нигох кунад михохед ин бошан

  9. Нигина Шарипова 04.07.2019 15:03

    Ба як духтар 100 хунар кам аст!!!

  10. Muhammadesini Gayur 04.07.2019 15:04

    Ина бинеда бо вакти хонданам меёфтааст ,бо донишгоха бо дипломи сурх хатм кардааст хамара ба хайрат монди Мехрнигор.

  11. Мухиддин Идиев 04.07.2019 15:06

    Кӣ гуфт одам нест, дар баробари ҳофиза будан ҳуқуқшинос будан ҳам хуб аст. Меҳрнигор муаррифгари санъати тоҷик аст, каҷ нигоҳ накун ва каҷ нагуй БЕНТЛИ

  12. Бентли Мерседесов 04.07.2019 15:08

    Мухиддин Идиев хофиза одам нест?

  13. Мавчуда Хакимова 04.07.2019 15:09

    Вакте туро меранчонанд дилгир мабош, зеро дарахтеки ширинтарин мевахоро дорад бисёртар санг мехурад. Муборак бошад хамватани азиз!
    Ба хар коре, ки химмат баста гардад,
    Агар хоре бувад гулдаста гардад.

  14. Asliddin Amirhon 04.07.2019 15:10

    Кадами курбонда,дипломированный цветной Тиен.

  15. Soheyla Nazar 04.07.2019 15:11

    Ҷолиб аст! Шахсан ягона сарояандае, ки сазовори номи сарояндагиро дорад ва ҳама намудҳои асбобҳои мусиқиро бе мушкилӣ менавозад ин Меҳринигор аст… бо забони англисӣ озодона сӯҳбат мекунад…. хеле духтари болаёқат аст!

  16. Nozik Nozik 04.07.2019 15:12

    Агар он пуле ки ба хофизиашон миебан ба юрист шуданашон меефтан да Точикистон ягонта хофиз намемонд. Барои юрист шудан акл даркор овоз не)

  17. Bakhtiyar Azimi 04.07.2019 15:12

    Муборак бошад! Боз як хукукшинос-артист зиед шуд))

  18. Малика Азизова 04.07.2019 15:13

    pul doda konechno diplomi surh megiri

  19. Дилдора Каюмова 04.07.2019 15:14

    Из неё такой же юрист,как и певица

  20. Қурбони Саттор 04.07.2019 15:14

    Инна лиЛоҳи ва инна илайҳи роҷиъун.
    Ҳамдардии маро бипазиред, миллати сарбаланди тоҷик.

  21. Jona B Bakhodurkhojaeva 04.07.2019 15:15

    Интересно когда она успела то??? Понятно какой с неё юрист, да ещё и с «красным дипломом» ЮрФак это не ПТУ)))

  22. Б Одинаев 05.07.2019 01:34

    Зеленский ,юмарист, артис буд дар Украина президент шуд, Мехрнигори хукукшинос нормалны…

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.