• Administrator
  • 18.01.2019
  • 0

«Мегафон Тоҷикистон» ҳамкориашро бо ФФТ идома медиҳад

Ширкати «Мегафон Тоҷикистон» ҳамкории худро бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2019 идома медиҳад.

Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯраев ва директори ширкати «Мегафон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников дар ин бора шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Дар вохӯрӣ бо хабарнигорон Дилшод Ҷӯраев зикр кард, ки ширкати «Мегафон Тоҷикистон» дар роҳандозӣ кардани барномаҳо барои ривоҷи футбол саҳми беандоза мегузорад. Лоиҳаи россиягии мусобиқаи футболбозони наврас бо номи «Оянда аз ту вобаста аст» яке аз онҳо мебошад, ки дар он пайваста дастаҳои футболи наврасони Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Анатолий Изюмников  бо боварӣ изҳор кард, ки ҳамкорӣ бо ФФТ барои ширкати «Мегафон Тоҷикистон» манфиатбахш ва пурмаҳсул хоҳад буд.

Ширкати «Мегафон Тоҷикистон» соли 2019 ба ФФТ қариб  300 ҳазор сомонӣ саҳм мегузорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner