• Усмон НИЁЗОВ
  • 13.01.2017
  • 0

Миқдори зиёди маҳсулоти бесифат аз муомилот боздошта шуд

Маҳсулоти  зиёди гӯштӣ, ширӣ, консерваҳо, равғани растанӣ, нӯшикоҳои спиртӣ, чою қанд ва ғайра  бинобар ба меъёрҳои истеъмолӣ ҷавобгӯ набудан, аз муомилот ва фурӯш боздошта шуд.

Тавре ки Ибодулло Қурбониён, директории Агентии Тоҷикстандарт имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, танҳо дар соли 2016  дар озмоишгоҳҳои ташхисии агентӣ 2404 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 715 тонна маҳсулоти растанӣ, 16 тонна маҳсулоти макаронӣ, 26646 дал нӯшокиҳои спиртӣ (1 дал=10 литр) 34746 дал нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 634 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 583 тонна чою қаҳва ва какао, 20 тонна меваву сабзавот ғайристандартӣ дониста шуданд. Қисми зиёди ин маҳсулот ба Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ворид гардидаанд.

Қурбониён ба саволи хабарнигорон вобаста ба  истифодаи гӯшти хар дар маҳсулоти истеъмолӣ  ва  навори ахири харкушӣ, ки  дар интернет паҳн гардид,  гуфт: «дар  дили мо ҳам шубҳа пайдо шуд ва як гуруҳи корӣ масъалаи гӯшти хар дар Суғдро мавриди санҷиш қарор дод. Муайян шуд, ки харҳоро ба хотири пӯст мекуштаанд».
Ҳамчунин, ба гуфтаи директори  “Тоҷикстандарт” дар ин  наворҳо дида мешуд, ки  гуштҳо дар партовгоҳ партофта шуда  буданд, аммо пӯсти хар набуд. Чунки пӯсти хар нисбат ба пӯсти ҳайвонҳои дигар қиматтар аст ва онро бархе тариқи қочоқ аз Суғд ба кишварҳои ҳамсоя мебаранд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner