• Administrator
  • 21.03.2019
  • 6

Милисае, ки занро латукӯб кард, бозпурсӣ шуд, вале парванда боз нагардид (Видео)

Сафарбек Сатторов, корманди Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо гумони латукӯби як зани зоҳиран гирифтори бемории равонӣ, бозпурсӣ мешавад. Навори латукӯби ин зан рӯзи 21-уми март дар шабакаи «Фейсбук» нашр шуд.

Тавре «Радиои Озодӣ» дар сомонаи худ хабар медиҳад, як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, Сафарбек Сатторов барои бозпурсӣ даъват шудааст. Ӯ ба тафтишоти ВКД гуфтааст, ки зан дар хиёбон дод мезад ва вақте хост, ӯро ором кунад, зан ба ӯ ҳамла кардааст ва аз ин рӯ дигар худашро идора карда натавониста, ба зан зарба задааст.


Саҳнаи латукӯби зане аз ҷониби корманди милиса дар Душанберо яке аз сокинон ба телефонаш сабт кардааст.

Зан зоҳиран гирифтори бемории рӯҳӣ ҳаст ва ба ташхис ҷалб шудааст. То ҳол дар робита ба ин ҳодиса парванда боз нашудааст. Мақомоти ВКД мегӯянд, пас аз анҷоми пурраи тафтиш дар ин робита тасмим гирфита мешавад. Нашри навори лату куби зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи вокуниши корбаронро ба бор овардааст. Бисёре аз корбарон рафтори корманди милисаро маҳкум кардаанд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи нашри ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта буданд, ки ба таҳқиқи фаврии ҳодисаи латукӯби як зан аз ҷониби корманди милиса шуруъ кардаанд Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21-уми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, қазия фавран мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

«Таҳқиқ маълум мекунад, ки чӣ ҳодиса шудааст. Бо супориши сардори РКД ин ҳодиса таҳқиқ мешавад ва дар наздиктарин фурсат аз натиҷааш хабар медиҳем. Ҳоло тафсилоти зиёд надорем»,-гуфтааст ин манбаъ.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Амина:

    вай марди солим агар худро идора кардан натавонад, пас у зани грифтори касали чи гунохе дорад у хости Худост

  • Anonymous:

    А что за закон эх

  • 0001:

    агар зани беморро задан мумкин бошад солим мешуд мекушт чи
    Конун факат барои бе вазифаю камбагал

  • Я это Я:

    Эх!Бовар кунед намедонем чи кор кунем.Мегуем такя ба конуну давлат кунем,аммо ин ходисахоро дида аз фикрамон мегардем.

  • Anonymous:

    Милиса аз авбошу фиребгар изофа аст, муттаҳам!!!

  • Асудайс:

    Саломуалайкум….
    фикри ман дар ин бора ина аст ки шояд ки зан дод зад шояд ки у фигон кад хай у бемор буд,бигзор агар беморам набошад…у милиса худ кист ки занро мезанад ё даст мебардорад….рости гап ба малумоти шумо мерасонам ки бисёр хохиш дорм ки кош замони аму вокеа манхам ончо мебудам.Агар ончо мебудам шояд у милиса хамсола падарам бошад,вале ман латукубро ба у нишон медодам ки хечвахт фаромуш намекард…да сарш бачои шлапа пчока тарбз мемондм БаХдо….

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner