Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Милитсияҳои тоҷику ӯзбек роҳҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Генерал – лейтенанти милитсия Шариф Назарзода  бо як ҳайати бонуфузи милитсияи пойтахт ба Ӯзбекистон сафар кард. Ӯ  бо намояндагони милитсияи ин кишвари ҳамсоя дидору мулоқот намуд. Зимни сафар ҳайати  милитсияи шаҳри Душанбе ба Академяии ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон омада, аз фаъолияти ин муассисаи таълимӣ шинос шуданд.

Тавре ки аз Раёсати ВКД Душанбе хабар доданд, дар мулоқоти алоҳида, ки дар толори Академия байни роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекстон ва ҳайати милитсияи шаҳри Душанбе баргузор гардид, шароити таълим, омоданамоии мутахассисони касбӣ дар соҳаҳои тафтишот, хадамотҳои оперативӣ, криминалистика, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳамкории ин муассисаи олии касбии ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо дигар муассисаҳои олии касбии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

  Ҳамчунин, сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо ҳайати милитсияи пойтахт аз Осорхонаи Академия дидан намуда, зимни гуфтугӯ бо сардори Академяи ВКД Ҷумҳурии Узбекистон генерал-лейтенант Матлюбов Баҳодур Ахмедович изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ ҳамкорӣ дар соҳаи таълимоти олии касбӣ ва муассисаҳои олии ду кишвар дар сатҳи баланд роҳандозӣ карда мешавад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.