• Mardon
  • 08.09.2019
  • 0

Милитсияи Суғд ҷашни Истиқлолиятро таҷлилкард

Субҳи рӯзи 7-уми сентябр дар толори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба муносибати таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Полковники милитсия Ализода Музаффар Нормуҳаммад, муовини якуми сардори Раёсат маърузаи идона намуда, номаи табрикотии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба самъи ҳозирин расонид.

Мақому манзалати истиқлолият дар низоми давлатдорӣ, муаррифии халқу миллат дар арсаи ҷаҳонӣ ва таъсири он дар сарҷамъиву бақои миллат, хизматҳои шоёну бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маърузаи идона садо дод. Ҳамчунин аз мавқеъи милитсияи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовари карда, хотираи он нафароне, ки барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ҷон бохтаанд бо дақиқаи хомушӣ гиромӣ дошта шуд.

Ба муносибати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти ВКД ва Рёсати он дар вилояти Суғд фармонҳо оиди қадршиносии меҳнатҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ба имзо расида буд, ки қироат карда шуда, як қатор кормандони мақомот дар ин санаи таърихӣ соҳиби медалу орден, рутбаҳои навбатӣ ва сипосномаву туҳфаҳои молӣ гардиданд.

22 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо медалу нишонҳои соҳавии ВКД «Милитсияи Тоҷикистон», «Барои хизмати шоён» (дараҷаи 1,2,3), «Барои далерӣ», «Барои садоқат ба халқу Ватан», «Барои саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», «Барои иштирок дар амалиётҳои махсус», «Аълочии милитсия» ва сипосномаву ифтихорнома аз номи Вазири корҳои дохилӣ, 16 нафар бо сипосномаву ифтихорномаҳои сардори Раёсат сарфароз ва 53 нафар рутбаҳои навбатиро соҳиб шуда, омодагии ҳамешагӣ барои хизмат ба халқу ватанро ботантана қавл доданд.

Акбар Шарифӣ,

капитани милитсия

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner