Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Минтақаи озоди иқтисодӣ. Акнун навбати Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб ва атрофи он минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд хоҳад шуд.

Рӯзи 30 октябр дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Низомномаи “Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб” баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Ба гуфтаи Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ҳадаф аз иқдоми Ҳукумати кишвар ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин минтақа ва аз ин тариқ ноил шудан ба рушди саноату корхонаҳои истеҳсолӣ маҳсуб мешавад.

Вай таъкид кард, ки дар минтақаи Кӯлоб таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти маҳсулоти рақобатпазир ба бозори ҷаҳонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, вакилони парлумон пешниҳод карданд, дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бояд корхонаҳое таъсис шаванд, ки ашёи хоми онҳо дар худи ҳамин минтақа истеҳсол мешавад.

Масалан, ба гуфтаи Ҷамшед Муртазозода, вакили парлумон дар Тоҷикистон ба миқдори зиёд пӯсту пашм мавҷуд буда, аммо корхонаҳои коркард барои онҳо каманд ва дар бархе маворид пӯсту пашм ҳамчун ашёи хом ба хориҷи кишвар содир мешавад.

Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ба ин гуфтаҳо мувофиқат карда ва гуфт, феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳазор корхонаи пахта фаъолият мекунанд, ки барои фаъолияти доимии онҳо 2 миллион тонна пахта лозим аст. Аммо дар Тоҷикистон ин миқдор пахта истеҳсол намешавад.

Аз сӯйи дигар, вай таъкид кард, ки Тоҷикистон умдатан равғани растаниро аз хориҷи кишвар ворид мекунад. Бар асоси ҳисоби мутахассисон, барои таъмини сокинони кишвар бо равғани растанӣ дар баробари бунёди корхонаи истеҳсолӣ бояд дар майдони 90 ҳазор гектар офтобпараст кишт шавад, ки дар кишвар ба ин андоза замини корами холӣ вуҷуд надорад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, ки ба ҳангоми таъсиси минтақаи озодӣ иқтисодӣ бояд таваҷҷӯҳ ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозори дохилию хориҷӣ мутамаркиз шавад.

Ба гуфтаи вай, дар кишвар чанд минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият карда, вале  бо вуҷуди пешниҳоди имтиёзҳои зиёди андозию гумрукӣ ба ин манотиқ ба миқдори бузург сармояи хориҷӣ ворид нагардидааст.

Дар Низомномаи “Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб” мизони камтарини сармоя 300 ҳазор доллар муқаррар шудааст. Зеро бо маблағи кам имкони бунёди корхонаҳои саноатии муосир бо технологияи навтарин имконнопазир аст.

Тибқи ин низомнома минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дар майдони 309 ҳазор гектар доман паҳн карда ва муддати фаъолияти ин минатақа 25 сол муқаррар шудааст.

Феълан дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодии Суғд, Панҷ, Данғара ва Ишкошим фаъолият мекунанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.