• Mardon
  • 25.06.2019
  • 0

Моҳи июн: Дар Тоҷикистон 40 нафар ғарқ шуданд

Аз оғози мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон дар аввали моҳи июн то ба имрӯз 40 нафар дар махзанҳои об ғарқ шуданд, ки 21 нафари  онҳоро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон, бион ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, гурӯҳи наҷоти ин ниҳод дар 20 рӯзи ахир 12 нафарро аз марг наҷот додаанд.

Ин гурӯҳи КҲФ ҷасадҳоро аз об берун оварда ба соҳибонашон супоридаанд.

Сабаби марги ғарқшавии кӯдакон ва наврасон аслан оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, надонистани қоидаҳои оббозӣ ва бепарвоии волидон мебошад, ки кӯдаконро беназорат мегузоранд. Маъмулан ин гуна бепарвоиҳо оқибат ба фоҷеа меанҷоманд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner