• Бахтовар Сафаров
  • 22.09.2018
  • 0

 Модари 4 ваҷаба

Модари хурдтарини дунё Стейси Гералд мебошад, ки дарозии қадаш ҳамагӣ 4 ваҷаб аст. Бо вуҷуди хурдакак буданаш Стейси соҳиби се фарзанд аст. Ин бонуи 36-сола аз Кентукки гирифтори бемории нодир буда, бо сабаби ҳамин маризӣ шушҳояш заиф гашта, устухонҳои баданаш аз инкишоф мондаанд. Табибон ҳушдор дода буданд, ки фарзанд таваллуд кардан ба Стейси қатъиян манъ аст, вале ӯ ба гапи касе гӯш надода, ба шавҳар баромад ва дере нагузашта ҳомиладор шуд. Фарзанди нахустини Стейси дар ҳафтаи 28-уми ҳомиладорӣ бо вазни ҳамагӣ 1 килограмм ба дунё омада, бемории модарашро мерос гирифт. Пас аз як сол ӯ духтарчаи дуюмашро таваллуд кард. Кӯдак дар ҳафтаи 34-уми ҳомиладорӣ таваллуд шуда, ду кило вазн дошт. Стейси дигар таваллуд кардан намехост, вале бо амри Худованд боз дар қадаш кӯдак пайдо шуд. Гералд тарбияи сахти динӣ гирифтааст аз ҳамин хотир, вай аз исқоти ҳамл намудан худдорӣ кард.

Мӯйлаби 6 -метра

Рам Сингх Чаухани 62-сола аз Ҷайпур бо мӯйлабҳои дарозаш дар ҷаҳон ҷои аввалро гирифтааст. Ин марди ҳинду аз соли 1970 мӯйлабашро қайчӣ назадааст. Имрӯз дарозии мӯйлаби Рам Сингх Чаухани 5,6 метрро дар бар мегирад. Тавре худи Рам Сингх мегӯяд, нигоҳубин ва бо худ гирифта гаштани мӯйлаби панҷметра сабру таҳаммули зиёдро металабад.

Варзишгар уштурро бо шонаҳояш бардошт
Варзишгари машҳури рус, устоди пауэрлифтинг Элбрус Нигматуллин дар Челябинск намоиши қуввасанҷӣ ташкил намуда, дар пеши назари ҳозирин уштури 700-килограммаро бо шонаҳояш бардошта, ин ҳайвони азимҷуссаро 44 сония нигоҳ дошта тавонист. Элбрус мегӯяд уштур хеле ором буда, ҳангоми бардоштанаш монеа эҷод накардааст. Сабаби маҳз уштурро интихоб намудани варзишгар дар он аст, ки ин ҷонвар рамзи шаҳри Челябинск буда, дар герби он таҷассум ёфтааст.

Саги сурудхон

Дар Белгия саге бо лақаби Ксена ба оҳанги суруди сарояндаи машҳури ғарб Уитни Хюстон «I will always love you» уллос кашида, шуҳрати осмонӣ ба даст овард. Навори саги сароянда дар шабакаи Интернет беш аз ду миллион тамошобин пайдо намудааст. Аз истеъдоди сарояндагӣ доштани ҷонварашон соҳибони саг Мик ва Дафни тасодуфан бохабар гаштанд, вале  «ҳунар»-и Ксена соҳибонашро низ машҳур кард.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner