• Фарзона Муроди
  • 17.10.2018
  • 1

Муаллими география  “табиб”  шуд

Шаҳрванди шаҳри Хуҷанд, истиқоматкунандаи  кӯчаи Румӣ 52 Раҳматов Икром  бо вуҷуди муаллими фанни география будан худро  ҳамчун табиб муаррифӣ намуда, дар суроғаи зикршуда  ҳуҷраи алоҳида ташкил намуда чун табиб фаъолият мебурд. Номбурда аз соли 2010 то инҷониб дар нозироти  андози шаҳри Хуҷанд, ҳамчун шахси инфиродӣ ба қайд гирифта шуда, бе иҷозатномаи Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти тиббӣ машғул мешуд.

Дар асоси сертификати  Маркази Ҷумҳуриявии “Тибби халқӣ” Раҳматов Икром тавассути маводҳои доруворӣ ва дастгоҳҳои табобати барқӣ табобати беморонро ба роҳ мондааст ва  бидуни маълумоти тиббӣ ба беморон маводҳои дорувориро дар варақаи дорухати ғайристандартӣ таъинот кардааст. Раҳматов дорои маълумоти  тиббӣ набуда, ў аз рўи диплом муаллими фанни география мебошад, аммо ба табобати  беморони гирифтори узвҳои такяву ҳаракат, безурётии марду зан машғул будааст.

Ҳангоми гузаронидани рейд аз ҷониби   Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд  аз ҳуҷраи кории Раҳматов 7 номгўй ба миқдори 11 қуттӣ маводҳои дорувории муҳлати истифодаашон гузашта ва 8 номгўй ба миқдори 84 адад маводҳои дорувории бесертификати  мутобиқати сифат, ки барои истифода бурдан нигоҳ дошта шуда буданд, ошкор ва ба миқдори 2500 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Фарзона Муродӣ

 

 

 

 

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Тобон:

    Ин қадар ҷаримаи кам. 2500 сомон. Охир вай ба саломатии чанд нафар бо доруҳои мӯҳлаташ гузашта ва бесифат зарар расонидку. Магар ҳамаи онро бо 2500 сомонӣ баробар донистед? Халқи мо ҳам содда. Дониста надониста табиби зӯр будаст гӯяд, давида меравад. Оқибат мефаҳмад, ки кор аз кор мегузарад. Эээээээ.

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner