• Бахтовар Сафаров
  • 04.10.2018
  • 0

Муаллимро чӣ гуна дидан мехоҳед?

Омӯзгорӣ  касби пуршараф аст. Ниёгони мо ҳатто «Қадри устод беҳ зи меҳри падар» гуфта, омӯзгорро аз волидайн ҳам боло гузоштаанд. Дар замони шӯравӣ ва қабл аз он низ касби муаллимӣ дар миёни аҳли ҷомеа обрӯву нуфузи бештар дошт. Аммо ба гуфти худи муаллимоне, ки дар ду давра зистаанд, манзалати омӯзгор имрӯзҳо на ҳамеша қадр карда мешавад. Ҳафтаи аввали моҳи октябр ҳамчун Рӯзи муаллим таҷлил мешавад, мо миёни чанд нафар аз намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи кишвар назарпурсие доир кардем. Ба  сокинон бо чунин суол муроҷиат кардем: «Симои омӯзгори муосирро чӣ гуна дидан мехоҳед?»

Муслима, сокини пойтахт:

— Омӯзгорони имрӯза  бояд лаёқати ба шогирд дарс гуфтанро дошта бошанд, зеро толибилмони имрӯза комилан фарқ мекунанд. Ба  наберагонам мехоҳам,  ки омӯзгорони пуртаҷриба дарс диҳанд, то ки онҳo аз  муаллими худ ибрат гиранд. Инчунин, омӯзгори имрӯза бояд аз одами кӯча фарқ кунад,  дар  либоспӯшӣ,  рафтору гуфтор намуна бошад, зеро  омӯзгор тарбиятгари насли наврас аст ва шогирдон ба ӯ пайравӣ мекунанд.

Нӯшервон Ёғибекзода,  донишҷӯ:

— Омӯзгорони имрӯза бояд методҳои касбии хешро донанд.  Дар муносибат бо шогирдон якзайл рафтор кунанд ва бештар ба тарбияи насли наврас мусоидат намоянд, зеро пойдевори таълим ин тарбия аст. Бубинед, ки ҳам олиму ориф ва ҳам дузду террорист аз зери дасти омӯзгор мегузарад. Албатта, ин ҷо омӯзгорро гунаҳкор карданӣ нестам. Аммо ҳамин нуқта қобили зикр аст, ки омӯзгор бояд аз ҳамон имконияте дар даст дорад, бо он метавонад, ки хонандаро аз роҳи бад боз гардонад. Дигар ин, ки ҷомеа ҳам бояд ба омӯзгор, ба хизмат ва талошҳои ӯ арҷ гузорад. Мутаассифона, дар мо ин арҷгузорӣ ба таври комил дида намешавад. Ҳанӯз мо ба бузургии рисолати омӯзгор дуруст сарфаҳм нарафтаем.

Наргис  Усмонова, мудири кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ:

— Умуман, бо  ихтисоси омӯзгорӣ фаъолият кардан бисёр мушкил аст. Мушкилияш дар он аст, ки масъулияти хеле зиёдро талаб мекунад, яъне дар баробари омӯзгор будан бояд, ки ҳар як муаллим ҳунарманд бошад ва аз ҳунари сухан гуфтан ва ҷалб кардани аудиторияро дошта бошад. Ҳамчунин, ҳар як муаллим бояд намунаи ибрати дигарон бошад. Ҳозирҷавобӣ ва бовиҷдонӣ низ яке аз усулҳои таълим мебошад. Устод Иброҳим Усмонов мегӯянд, ки дарс додан, яъне омӯзгор будан ҳунар аст, ба дилу дидаи донишҷӯ даромадан ба роҳи рост ҳидоят кардан чизеро фаҳмонидан рисолати аслии муаллим мебошад.

 

Ойша, хонандаи гимназияи «Ҳилол»:

— Ба фикри ман, аз омӯзгорӣ дида касби беҳтарине нест. Саҳм гузоштан дар таълими насли наврас ва ба тарбияи ҷавонон машғул шудан ин шарафи бузурге аст. Аввалан, ҳамчун хонандаи мактаб мехоҳам,  ки ба ман омӯзгори ҳақиқатгӯ ва ботаҷриба дарс диҳад, то ман аз чунин омӯзгор чизеро аз худ карда тавонам.

Саҳоба  Шарипова, донишҷӯ:

— Омӯзгор барои ҳар як шахс азиз  аст, зеро мо аз ин шахс роҳи дурусти зиндагӣ ва рӯзгорро меомӯзем. Симои омӯзгорони имрӯзаро мисли симои омӯзгорони  пешина дидан мехоҳам, ки каме ҷиддӣ ва донишманд бошанд. Воқеан, ҷойи афсӯс аст, ки имрӯзҳо баъзе ҷавонон ба қадри дониш ва меҳнати омӯзгор намерасанд. Баъзе омӯзгороне низ ҳастанд, ки хуши дарсдиҳӣ ба хонандаро надоранд. Дуруст аст, ки ҳар шахс ояндаи худашро худаш месозад, вале омӯзгор низ дар ин самт бояд саҳмгузор бошад.

Эмомалӣ, нафақахӯр:

— Дар замони мо тарзи гуфтору рафтор ва дарсдиҳии  омӯзгор аз имрӯза фарқ мекард. Ҳоло ба фикри ман ягон муаллими мактаби миёна мисли даврони шӯравӣ ба шогирдон дарс гуфта наметавонад. Солҳои 1991-ро дар хотир дорам, ки аз гап задан ба муаллим метарсидем, вале ҳоло замона дигар асту муносибати шогирд бо омӯзгор низ.

Таҳияи Уғулой Қутбиддинзода

P.S. Аҳли қалами ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ҳамаи омӯзгорони Тоҷикистонро бо Иди касбиашон – Рӯзи омӯзгор табрик мегӯянд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner