Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мухолифин: Муҳоҷирон бояд аъзои Парлумон бошанд

Мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон аз Аврупо ва Русия пешниҳод мекунанд, ки дар интихоботи қарибулвуқуъи Парлумони Тоҷикистон намояндагони муҳоҷирон низ бояд ширкат кунанд.

Ин нукта зимни к суҳбати онлайнии блогер Аҳмад Каримзода аз Русия ва журналист Зафари Сӯфӣ аз Аврпо садо дод. 

Аҳмад Каримзода, намояндаи муҳоҷирон дар шаҳри Маскав бегоҳи рӯзи 3-юми декабр дар ютубканалаш мусоҳибаи худро бо рӯзноманигор Зафари Сӯфӣ, ки феълан дар Аврупост нашр кардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳсу мунозираҳои зиёде гашт.

Каримзода иддао дорад, ки дар интихоботи парлумони Тоҷикистон  бояд якчанд намояндаи муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок карда, шомили Парлумон шаванд. Зафари Сӯфӣ низ ин нуктаро дастгирӣ кардааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ пешниҳод кардаанд, ки муҳоҷирон шомили Парлумон бошанд. 

Чуноне дар навор дида мешавад, Зафари Сӯфӣ ин иқдоми намояндаи муҳоҷиронро ба хубӣ қабул карда дар рафти суҳбаташ меафзояд, ки муҳоҷирон ҷузъи асосии ғаникунандаи буҷаи Тоҷикистон маҳсуб меёбанд ва дар ҳоли  ҳозир бошад 2 млн шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Агар як ё ду намоянда дар парлумон дошта бошанд ҳеҷ ҷои бадӣ надорад.

Интихоботи парлмонии кишвар санаи 1 марти соли 2020 баргузор мешавад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.