• Mardon
  • 06.09.2019
  • 0

Мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Роғун

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар иртибот ба оғози фаъолияти агрегати дуюми неругоҳи Роғун ба 42 нафар аз сохтмоничиёни он мукофотҳои давлатӣ супурд.

Рӯзи 6 сентябр Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими тақдими ҷоизаҳо ҳозиринро ба муносибати руйдоди муҳими таърихӣ — ба кор андохтани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик гуфт.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”” бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” коргарон бо Ордени “Шараф дараҷаи II”, Медали “Хизмати шоиста” ва “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр карда шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ хизмати арзандаи ҳар як нафари коргари Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, аз ҷумла сардорони раёсатҳои ширкат, васлгарон, ронандагони техникаҳои гуногун, нақбканон, муҳандисон, кафшергарони газию барқӣ, таъмиргарони муҳаррик, челонгарон, пармагарон, сементатор, андовачӣ, устоҳои қитъаҳои сохтмонӣ, кормандони озмоишгоҳҳо, барқчиён, дуредгарон, назоратчиҳои қитъаҳои сохтмонӣ, истеҳсолотчиён, инчунин пудратчиён — кормандони даҳҳо адад ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдудро, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ фаъолона иштирок кардаанд, махсус қайд намуд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner