Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мулло Абубакр: Писарам барои Ватан мардона ҷон дод (видео)

  Имрӯз пиру ҷавони маҳаллаи Зарафшони пойтахт аз ноҷавонмардона кушта шудани Иззатуллоҳи ҷавон хун мегирянд. Чун мо аҳли эҷоди рӯзномаи “Тоҷикистон” ба хотири тасаллият ба хонаи марҳум рафтем,  падари марҳум мулло Абубакр бо дидаи гирён пешвозамон гирифт.

Ҳар нафари барои тасалият омадаро сахт ба оғӯш гирифта, ашки талх мерехт.

 Ба гуфти падар,  Иззатулло дар оила фарзанди дувумин буда, 26 сол дошт. Ҳамагӣ се моҳ пеш оила парпо карда буд. Акнун ӯ барои Ватан- Модар ҷойгаҳи гарми худро ба гӯри тангу сард иваз кард. 

Падар мегӯяд, ки писараш Иззатулло се рӯз пеш аз ин ҳодисаи маргбор ба хона барои аёдати онҳо омада буд ва субҳи 5-ми ноябр барвақт аз хоб хеста, барои рафтан тайёрӣ медид. Ҳангоми аз дар баромаданаш се- чор маротиба ба ақиб нигоҳ карда “хайр модарҷон,  хайр “падарҷон” мегуфт.

“Ростӣ, ин рафтори писарам маро дар ҳайрат гузошт. Шояд ӯ медонист, ки дубора моро намебинад”-ашки чашмонашро пок карда идома дод: “Ман ифтихор мекунам, ки писарам дар роҳи Ватан ҷавонмардона ҷон дод. Барои Ватан ҷойгаҳи нарму гармашро ба гӯри тангу сахту сард иваз кард. Ман аз ӯ ифтихор дорам!”

Ёдрас мешавем, ки  6 ноябр соати 3.23 дақиқаи вақти маҳаллӣ гурӯҳи мусаллаҳ ба қисми ҳарбии сарҳадбонони “Султонобод” ҳамла карданд, ки талафоти ҷонӣ ба дунбол дошт. Ин қисми ҳарбӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар сарҳади Тоҷикистон ва Ӯзбекистон воқеъ аст.

 Маркази матбуоти Қӯшинҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) хабар медиҳад, ки  гурӯҳи мусаллаҳи 20-нафараи ниқобдор бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи рақами 4-и “Ишқобод”, дар қисми ҳарбии сарҳадии “Султонобод”ҳамла карданд.

Ин манбаъ гуфтааст, ҳамлагарон тавонистаанд дар қисми ҳарбӣ 5 автомати тамғаи “Калашников”-ро тасарруф кунанд.

Бар асари задухӯрд миёни неруҳои қудратии Тоҷикистон ва гурӯҳи мусаллаҳ 15 ҳамлавар кушта шуда, 5 нафари онҳо дастгир шудаанд.

Дар ин даргирӣ 1 корманди ниҳоди сарҳадӣ ва 1 корманди ВКД ба ҳалокат расидаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълон кард, ки  ҳамлаи мазкурро гуруҳи террористии ДИИШ анҷом додааст.

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Қарчиев Зайниддин 07.11.2019 16:48

    Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
    Аввалан барои соҳибони мусибат сабр ҷамила хоҳонам ва дуюм барои ин шаҳиди аъло ки барои ҳифзи марз ба буми хеш беҳтарин гавҳар яъне ҷони ширини худро бахшидааст фирдавси аълоро хоҳонам.
    Ин душманони ватан ва мардуми кишвар ки мехостанд ороми ҷомеъаро халалдор созанд алҳамдуллилоҳ ба ҷазои худ расиданд ва дар қиёмат дузахи сузон мақоми онҳост зеро Пайомбари гироми ислом мефармояд «Мусалмон касест ки аз даст ва забони у мусалмонон саломат мемонанд» ин чугуна мусалмонист ки бар ватан ва миллати худ бо яроқ таҷовуз мекунанд ва хуни бародари мусалмонро мерезонад ислом аз чунин ашхос безор аст.
    Худованд баъди чанд аср ба миллати мусалмони тоҷик раҳм намуда ПЕШВОИ чун ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзӣ гардондааст ва чун Исмоили сонӣ балки зиёда аз он ҳам барои ободии ва тенҷи ва амони кишвар сайъ кӯшиш намудааст шукургузор бошем ва намонем ягон нохалафе хоине оромии ин кишварро халалдор созад.

Ваш e-mail не будет опубликован.