• Бахтовар Сафаров
  • 02.07.2019
  • 2

Боздошти модаре, ки писари навзодашро фурӯхтааст

Дар шаҳри Кӯлоб зани 25-соларо бо гумони хариду фурӯши кӯдак боздошт намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Тавре манбаъ иттило медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 25-солаи сокини н.Муъминобод, бо гумони хариду фурӯши ноболиғ дастгир карда шуд.

“Номбурда, 9-уми июни соли 2019, дар таваллудхонаи марказии ш.Кулоб тифли навзод ҷинсаш мард таваллуд карда, баъдан бо маслиҳати пешакӣ бо зани 44-солаи сокини н.Восеъ, тифли навзодашро ба маблағи 1.050-сомонӣ ба зани 57-солаи сокини н.Муъминобод, фурӯхтаанд”, — омадааст дар иттилоия.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Мухсиддин:

    Бисер кори гайри шариату гайри инсони Худованд хидоят кунад чунин занхоро

  • Anonymous:

    Товба,баъзе дар нохуни кудак зор,баъзеи дигар безор! Кӯдак,товба 1000 сомони,товба,агар харидор кӯдакатро барои куштан,яъне барои орган харида бошад чӣ,эй зани ахмақ!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner