• Эмом НАЗАРОВ
  • 27.11.2017
  • 0

Мусобиқаҳое, ки ҳамаро ғолиб кард

24-уми ноябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои варзишӣ баргузор шуд.

Бинобар  иттилои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, дар веломарафон ва дави миллӣ, ки дар  хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – аз чорроҳаи назди Боғи «Хайём” (гардиши «Товус”) то “Наврӯзгоҳ”  дар масофаи 3,5 километр сурат гирифт, беш аз 10 ҳазор нафар донишҷӯёну сокинони Душанбе ширкат варзиданд.

Аввал ба мусобиқа велосипедронон шурӯъ намуданд. Дар сафи онҳо, ба қавле дӯстдорони дучархарони аз 7-сола то 70-соларо медидед. Аз шӯру шавқ ва хандаҳои онҳо мушоҳида мешуд, ки фақат ширкат варзидан дар ин мусобиқа барояшон муҳим аст. Муҳим аст худро дар як саф бо ҳамватанон дидану якдилиро ҳис кардан. Ҳама худро парчамбардор эҳсос мекарданд. Ба назари ман, касе ки дар ин мусобиқа саҳм гирифт ва ҳозирини дигар ғолиби велосипедронии идона буданд.

Дар дави миллии беш аз 3-километра вазъият чун дар велосипедронӣ мушоҳида мешуд. Инҷо ҳам варзишгарони сабук ҳам буданду ҳам ҳаваскору ҳам кунҷковон, ки шояд неруи худро нахустин бор  месанҷиданд. Аз иштирокчиёни мусобиқаҳо садҳо нафар бо сабабҳои гуногун то марра нарасиданд, аммо шӯхиомез мегуфтанд, ки «мо аллакай ҳамаи медалҳоро гирифтем!» Рӯҳияи идонаи мусобиқаҳои мазкур ҳамаро фарогир буд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner