Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мутаввақиф шудани интиқоли пул тавассути бархе системаҳои Русия

Системаҳои интиқоли пули  Contact, Western Union ва “Близко” аз субҳи 3 декабр интиқоли маблағҳоро аз Русия ба Тоҷикистон мутаваққиф кардаанд.

Бино ба иттилои РБК (“РосБизнесКонсалтинг”), феълан системаҳои “Юнистрим”, MoneyGram ва “Золотая корона” фаъолияти худро дар ин замина идома дода истодаанд.

Зимнан, аз рӯзи декабр дар Тоҷикистон системаи нави интиқоли протсессингӣ  ҷорӣ шуда ва ҳамаи интиқоли маблағҳо тавассути Бонки миллии ин кишвар анҷом мешавад.

Дар ҳафтаи гузашта намояндагони системаҳои интиқоли пули Русия бо Бонки миллии Тоҷикистон роҳҳои ҳалли мушкили пешомадаро баррасӣ карда, аммо ба натиҷае нарасидаанд. Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳоди тамдиди муддати оғози системаи нави интиқоли пулро рад кардааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.