• Бахтовар Сафаров
  • 22.08.2019
  • 1

Чаро нақлиёти пойтахт танзим нашуд?

Дар нақлиёти шаҳрӣ – автобус, троллейбус ва микроавтобусҳо дар ҳарорати 40-42 дараҷа гармӣ  мусофирон зери обу арақ менишастанд.

Бо вуҷуди чорабиниҳои ҳукумати шаҳр-таъмини аксари хатсайрҳо бо автобусу троллейбусҳои замонавӣ дар кори он камбудиҳои зиёде ба чашм мерасад. Яке аз инҳо фаъол накардани кондитсионерҳои дохили он аст. Вақте аз автобусҳои хатсайри 6,13,43 суол мекунед, чунин ҷавоб медиҳанд:-Солярка ҷудо  намекунанд.

Ҳатто аз троллейбуси рақами 1, ки дар хиёбони марказии шаҳр аст, пурсидам, ки кондитсионер чаро фаъол нест, гуфт: «Кондитсанер вайронай! Тирезаҳо ҳуй шистан гирен!»

Вазъият дар хатсайри микроавтобус боз ҳам бадтар аст.

Дар хати сайрҳои рақамҳои 1,5,11 ва 14 ҳанӯз ҳам аз меъёр зиёд мусофир мегиранд. Ба ҷойҳои нишасти 3 нафара 4 нафарӣ мешинонд.

Баъзе аз ин микроавтобусҳо ҳолати бад доранд. Ҷойҳои нишаст кӯҳнаву фарсуда буда, нишастгоҳҳо рӯкаш надоранд ва агар дошта бошанд, онҳо чиркину ифлосанд. Ҳол он ки дар пойтахт онҳо бояд намуна бошанд.

Дигар ин ки аксари хатсайри 14-ро старексҳо ташкил мекунанд. Ин нақлиёт барои дохили шаҳр мувофиқ нест ва чанде пеш қарор шуда буд, то онҳоро барканор кунанд. Вале ҳанӯз ҳам онҳо сайругашт дошта, мусофир мекашанд.

Ба замми ҳамаи ин, забони пулчинакҳо ниҳоят харобу гӯшхарош аст: «Остановкада ҳаст», «Светофорда медароӣ», «Баъди поворот ҳаст», «подземкада мехамбӣ» ва ҳоказо. Ин тарзи гуфтор беҳурмативу таҳқири забони давлатист. Магар гуфтани чор-панҷ калимаи тоҷикӣ (истгоҳ, чароғ, гардиш ва зеризаминӣ) кори мушкил аст.

Суоле пеш меояд, ки чаро масъулини хадамоти нақлиёт аз кабинетҳои худ баромада, хатти сайрҳоро таҳти назорат намегиранд?

Хулоса, соҳаи нақлиёт низ дар қатори ниҳодҳои дигари фасодзода қарор дорад. Зеро бо ҷорӣ шудани кортҳои нақлиётӣ, мусофироне ҳастанд, ки ба як бор савор шудан эҳтиёҷ доранд. Вале кортҳои якдафъина (одноразовый) аз тарафи ронанда дода намешавад. Ҳамаи маблағи чунин мусофирон ба ҷайби ронанда меравад.

Бояд гуфт, ки фасодкорӣ аз ҳамин корҳои майда-чӯйда оғоз меёбад. Яке аз сабабҳояш набудани назорати қатъист.

Э. Камолзода, сокини ш. Душанбе

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner