• Mardon
  • 19.08.2019
  • 26

Нархи харбуза дар Тоҷикистон то 70 сомонӣ?!

Дар арафаи Иди  Қурбон мардумфиребон ба хотири ба даст овардани пулҳои бедардимиён барои ҷиғилдон пур кардан қимати харбузаро аз 50 то 70 сомонӣ боло бардоштанд, ки на ба мусулмонӣ рост меомаду на шароити имрӯз.

Нуҳуми  август барои дастрас кардани тарбузу харбуза ба майдончаи мағозаи фиребгари мардум Раҷаб Назиров, ки дар шоҳроҳи деҳаи Мискинободи  ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод омадам, дар даҳҳо мошини КАМАЗ ва  Караван тарбузу харбузаро дидам, ки харидорон барои оростани дастурхони идона, тарбузу харбузаро ба гаронии нарх нигоҳ накарда харидорӣ мекарданд. Аз  харидорон қафо намонам, аз харбузафурӯш пурсон шудам, ки нархи харбузаатон чанд сомонӣ, иброз намуд, ки аз 50 то 70 сомонӣ. «Чаро   нархаш гарон?», —  пурсидам аз деҳқон.  «Бо  нархи қимат мехарем барои хароҷотамонро пӯшондан маҷбурем нархи тарбузу харбузаро баланд бардорем». «Аз гӯру қиёмат барои гаронфурӯшӣ наметарсед»,- гуфтам. Онҳо муҳри хомӯширо дар даҳон нигоҳ доштанд.

Ҳатто гаронфурӯшон барои ба даст даровардани даромади муфт хонандагони мактабро сафарбар мекунанд.Ҳангоми аксбардорӣ, харабузафурӯш писханд зада ба рақс даромад, яъне бо маънои томаш, ӯ криша дораду писанд намекунад. Магар ин ҳолати гаронфурӯшии онҳоро танобкашон намедида бошанд? Дар ростои мағозаи Раҷаб Назиров, ки дар бозори «Истиқлол» ҷойгир аст, чаро гаронфурӯшон маҳсулоташонро вориди бозор намекунанд? Ҳамчунин, дар гӯшаи деҳқони ғайриқонунии дар шоҳроҳи байни деҳаҳои Мискинободу Заркамар ҷойгир буда, нархи картошка, ки то арафаи иди Қурбон аз 2 сомонӣ боло набуд, то 3-4 сомонӣ, пиёз 3 сомонӣ, сабзӣ то 4 сомонӣ помидор то 10 сомонӣ боло бардоштанд, ки дар ягон давлатҳои мусулмонӣ нархи маводи озуқаро баланд намебардоранд. 

Дар  арафаи идҳо бошад, нархро паст мефароранду дар бозорҳои Файзобод ба ҷое, ки савоби мардумро гиранд, нархи сабзавотро панҷ-шаш маротиба баланд мебардоранд. Ин ҳолати гаронфурӯшӣ дар маркази ноҳия мушоҳида мешавад. Барои ба танзим даровардани маҳсулоти сабзавот дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия шуъбаи савдо ва иқтисод мавҷуд аст, аммо масъулини он  дар иҷрои вазифаашон бепарвоянд…

Ҳокими Сафар,  ноҳияи Файзобод

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Parviz Jabborzoda:

    Дар Хуҷанд бошад, тарбуз юи Миёна 15 сомонӣ, харбуза оби навод 20 сомонӣ

  • Сироҷидин Қурбонов:

    О хандала 50 дирам буд ку?))))

  • Parviz Jabborzoda:

    Дар шаҳри Душанбе дар ҳақиқат хело гарон, қимат ин полезӣ,

  • Parviz Jabborzoda:

    Умуман маҳсулоти кишоварзи қимат мебошад

  • Акрам Саёдов:

    Дехкони бечора аз дехкони 10 сомони мехаранд дар бозор 50 сомони мефурушанд нархи гуштам айби дехкон бошад?

  • Манучер Ибодов:

    20 калонуш дар гипрозем

  • Ошурбек Саидназаров:

    Замин ьа кор мекардагио мурдан имруз милати мо лошахур шудаги хаст рохбарои хозира дар пеши хонаш дарахт надорад ё дарахт шинондагиш нест то хол заминдор дарихшиноно нестан ё гарибан замин намедиханд

  • Сайидмухиддин Дустмахмаддиён:

    Бар ивази 70 сомони соле як бор харбуза ки хурди бояд ид куни иДИ ХАРБУЗА ВА ДИГАРОН ТАБРИКАТ ГУЯНД

  • Точиддин Турахонов:

    20-30 сомон дидм харидм 60 70 сомониша надидам

  • Сарватулло Ашуров:

    4 тоя 10 сомон харидам бехтарин нарх

  • Бехруз Хасанов:

    Ман хам 10 донаашро 10 сомон харидам барои чорво

  • Рухшона Мукимова:

    Бамазза буд?

  • Зафар Мираков:

    И харбузаоро гушт дода калон кардагиян

  • Фарзонка Фарзон:

    Ман 35 сомон харбуза 25 сомон тарбуз харидам

  • Габбас Мансурбекович:

    Айб дар дехкони бечора нест Рузхои наздик ман аз ворух ба Казон сафар доштам Бовар мекунед дар роххо харбуз ва тарбуз нихоят арзон. Дар роххо декон истодаанд бо махсулоти дехкони худ нарх хоки сиёх

  • Габбас Мансурбекович:

    Айб дар дехкони бечора нест Рузхои наздик ман аз ворух ба Казон сафар доштам Бовар мекунед дар роххо харбуз ва тарбуз нихоят арзон. Дар роххо декон истодаанд бо махсулоти дехкони худ нарх хоки сиёх хозир нарх дар осмон мардум ба як руз худшона мебинанд

  • Раъно Зоирдухт:

    Ох дехкони обиладаст

  • Содикзода Абдулло Садриддин:

    Ба пеши як мулло равен як мехонадбад пархез аз тарбузу харьуз мекунад

  • Файзулло Хакимов:

    хамаш табар мусулмонанд точикахошон дар сарщон медаван вакти намоз шидай Меган мехонае лекин дар фикри аз барои Худованд ягон кора намекунанд хамаш дар охират маълум мешавад.

  • Нурулло Суробзода:

    Гов зад дар шикаст гуй дехкон зураш ки намерасад хама айб ба гарданаш

  • Исмоил Зарифи:

    Калонтарин тарбузу харбуза дар Самарканд бист сомони

  • Исмоил Зарифи:

    Калонтарин тарбузу харбуза дар Самарканд бист сомони….

  • Беруз Артиков:

    Ман аз Чартепаи Узбакистон бо нархи 9 хазор суцм 9 сомони тарбуз харидам. Онро дар Панчекент овардам ва дар магозаи назди хонаамон гуфтанд, ки инро ба мо 25 сомони фурушед

  • Мухаммади Султон:

    Аз имруз ки нархи доллар 27 сомон баланд рафт шояд харбуза 100 сомон шавад

  • Мухаммади Султон:

    Аз имруз ки нархи доллар 27 сомон баланд рафт шояд харбуза 100 сомон шавад….

  • Фируз Азизов:

    Ман рузи якшанбе аз нохияи Зафарабод ду дона харбузаи калонро 15 сомони аридам дар назди хонаи Душанбе яктояшро 40 сомони мефурушанд.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner