• Mardon
  • 30.07.2019
  • 0

Нархи таҳсил дар Донишгоҳи тиббӣ боз боло рафт

Имсол арзиши шартномаи таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 6 дарсад афзоиш ёфт. То ҳол нархи шартномаи таҳсил барои як нафар солиёна ҳудуди 10 ҳазор сомониро ташкил медод.

Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори донишгоҳ 30 июл зимни нишасти матбуотӣ далели ин амрро ба афзоиши теъдоди довталабон ба  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон марбут хонд.

“Имсол 65 ҳазор хатмкунандагон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисосҳои тиббиро интихоб намудаанд. Аз ин 20 ҳазор мехоҳанд, ки  донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шаванд. Аммо мувофиқи нақша соли ҷорӣ мо ҳамагӣ 1920 донишҷӯ қабул мекунем. Аз ин 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва боқимонда шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд”-таъкид дошт Гулзода. 

Феълан дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 1400 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз 16 кишвари ҷаҳон таълим мегиранд. Нархи шартномаи таҳсили онҳо нисбат ба шарвадони ватанӣ 2-3 маротиба бештар аст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner