• Mardon
  • 20.09.2019
  • 0

Неруҳои изофӣ аз сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон хориҷ шуданд

Мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи музокироти ҳайатҳои ду ҷониб нерӯҳои худро аз марз пас кашидаанд.

Шоми 16-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи хунин сар зад, ки чаҳор қурбонӣ дошт. Дар ин ҳодиса се марзбони тоҷик ва як марзбони қирғиз кушта ва чандин нафари дигар захмӣ шуданд.

Берун кашидани нерӯҳои изофӣ аз марз аз ду тавофуқи аслии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аст. Бар асоси тавофуқи пешакӣ, ки рӯзи 18-уми сентябр ба даст омад, ду ҷониб муваззаф буданд нерӯҳои изофӣ ва техникаҳои ҷангиро аз минтақаи марзӣ берун баранд.

Инчунин бар асоси тавофуқ Қирғизистон дидбонгоҳи назоратии худро вайрон мекунад ва Тоҷикистон аз бунёди дидбонгоҳ даст мекашад.

Дар муноқишаи мусаллаҳонаи шаби 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон се марзбони тоҷик ва як афсари қирғиз ҳалок шуда, аз ду тараф чанд нафар маҷруҳ шуд. Ду тараф якдигарро ба тиркушоӣ муттаҳам карданд.

Тоҷикистону Қирғизистон дар низои ахир якдигарро дар корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои аломатгузоринашуда муттаҳам карданд. Тибқи созишҳои ҳосилшуда миёни ду кишвар дар минтақаҳое, ки хатти марз муайян нашудааст, корҳои сохтмонӣ манъ аст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner