Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нигаҳдории ноболиғон бо калонсолон дар зиндон мамнӯъ гардид

Минбаъд дар маҳбасҳои Тоҷикистон маҳбусони ноболиғ дар як утоқ бо зиндониёни калонсол нигаҳдорӣ намешаванд.

Қаблан дар зиндонҳои кишвар ноболиғон дар як утоқ бо маҳбусони калонсол, ки ҷинояти вазнин содир накардаанд, муддати ҳабсро сипарӣ мекарданд.

Рӯзи 28 ноябр зимни баррасӣ ва тасвиби лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда” дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон дар ин замина тағйирот қабул шуд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Мавлуда Мирзозода, вакили парлумони Тоҷикистон, дар ин санади ҳуқуқӣ нисбати пешгирӣ аз шиканҷа илова ворид гардидааст.

Вай гуфт, минбаъд дар сурати дарёфти шикоят дар мавриди истифодаи шиканҷа нисбати маҳбусони ноболиғ ин зиндонӣ аз ҷониби се пизишки берун аз маҳбас ташхис хоҳад шуд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.