• Mardon
  • 16.05.2019
  • 0

Нигарониҳо аз фаъолшавии ДОИШ дар Афғонистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни дидор бо вазири хориҷаи Афғонистон ба мавқеъгирии ягонаи ҷонибҳо нисбат ба таҳдидҳои аслӣ, назири терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир таъкид кард.

Ҳамчунин, дар ин дидор ба фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро, аз ҷумла ДОИШ, дар минтақа ишора шудааст, ки ҳамкории васеъ ва дастаҷамъонаю  амалии кишварҳо ҷиҳати мубориза бар зидди зуҳуроти харобиовар, нобуд кардани гурӯҳҳои террористиву ҷинояткорони қочоқи маводи нашъаовар муҳим мебошад.

Бино ба хабари дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо СалоҳуддинРаббонӣ, вазири хориҷаи Афғонистон рӯзи 16 май, дар ҳашри Душанбе дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” анҷом шудааст.

Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетика ва зерсохтор, таъмини сатҳи навини ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, тандурустӣ, иттилоот ва фаъолияти иҷтимоиро баррасӣ кардаанд.

Аз ҷумла, Президент Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки  Тоҷикистон имкон дорад дар шароити имтиёзӣ барои Афғонистони бародар ҳазорон мутахассиси соҳаи барқ, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, роҳи оҳан, роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ, технологияҳои гуногун ва кадрҳои илмиро тарбия намояд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner