• Mardon
  • 15.07.2019
  • 0

Низомиёни рус “гурӯҳҳои террорист”-ро дар Тоҷикистон саркӯб мекунад

Низомиёни пойгоҳи 201-и Русия  бо мушаку тӯп “гурӯҳҳои террорист” дар ҳудуди Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор доданд.

Хабаргузории  РИА Новостии Русия аз қавли Маркази матбуоти Округи марказии низомии Федератсияи Русия хабар дод, ки беш аз як ҳазор сарбозу афсар ва беш аз 100 адад техникаи муосир дар полигонҳои Лоҳур ва Самбулӣ алайҳи “гурӯҳҳои террорист”, ки ба хоки Тоҷикистон ворид шудаанд, даргири ҷанг шудааст.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷ маҳсуб мешавад, ки дар он 7 ҳазор нерӯи низомӣ ҷойгир шудааст.

Ин пойгоҳ бар асоси созишномаи байнидавлатии Русияву Тоҷикистон ҳақ дорад, то соли 2042 дар кишвар фаъолият кунад.

Русияву Тоҷикистон худро шарикони стратегӣ меноманд ва мубориза бо терроризму қочоқи маводи мухаддир аз муҳимтарин бахшҳои ҳамкории низомии ин ду кишвар ба шумор меравад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner