• Бахтовар Сафаров
  • 17.04.2019
  • 1

Ноболиғдухтари даст ба дуздӣ зада боздошт шуд

Дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, духтари 17-солаи сокини шаҳри Гулистон бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, зани 25-солаи сокини шаҳри Конибодом ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат намудааст, ки шаби 3-юм ба 4-уми апрели соли 2019, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд шуда, аз он ҷо 900-сомонӣ, либосҳои занона, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-5” ва шаҳодатномаи ақди никоҳ, ки арзиши умумиашон 2810-сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, духтари 17-солаи сокини шаҳри Гулистон бо гумони дуздӣ дастгир карда шуда, далелҳои шайъи қисман гирифта шуданд.

Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • .....:

    Дар ҷомеаи мо ҳаррӯз дуздӣ ба миқдори ниҳоятан калон (аз буҷа), қаллобӣ (ҳангоми бастани шартномаҳо бо мактабҳо ҷиҳати таъмини онҳо бо маводи конселярӣ, ҳангоми тендерҳо барои сохтмони биноҳо) содир мешаванд шумо бошед шарм накарда маълумот оиди як ноболиғро ба ҳамагон расонидет…

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner