• Основной язык сайта
  • 13.01.2017
  • 0

Норизоии Пирзода аз норасоии кадрҳо дар ТВ

 Муҳаммадсаид Пирзода раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нарасидани кадрҳои баландихтисос дар телевизион изҳори норизоӣ кард.

Номбурда имрӯз дар нишасти матбуотии ниҳоди тобеаш гуфт, ки норасоии кадрҳои болаёқат дар бархе шабакаҳои телевизионӣ вуҷуд дорад ва талош мекунанд бо ҷалби кадрҳои нав аз ҳисоби ҷавонон ин мушкилро бартараф созанд.

Пирзода қайд намуд, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радио Кумита тасмим гирифтааст, дар семоҳаи аввали соли равон барои ҷалби ҷавонон ва мутахассисони баландихтисос ба кор, аз ҷумла наттоқон, ровиҳо, коргардонҳо ва мутахассисони соҳаҳои дигар озмун баргузор намояд.

Аз ҷумла раиси кумита гуфт, ки қарор аст дар телевизиони «Тоҷикистон» теъдоди барномаҳои таҳлили афзояд ва афзоиши он ба 60% расад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner