• Бахтовар Сафаров
  • 09.08.2019
  • 10

Норозигии сокинон аз сифати паст ва нархи гарони либосҳои мактабӣ (Видео)

Дар ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ дар бозори Корвон  харидорон аз сифати хуб ва нархи дастраси он сухан мекарданд. Сокинони пойтахт мегӯянд, ки аз мактаб либос мехаранд, вале сифати хуб ва нархи қаноаткунанда надорад.

Чанд соли охир бо дастури мақомот волидон бояд, либоси ягонаи мактабиро аз корхонаҳои ватанӣ харанд. Ҳар сол нарх ва сифати либосҳои истеҳсоли дохилӣ баҳсҳоро ба миён меорад.

Як нафар сокини пойтахт, ки аз гуфтани номаш ба мо худдорӣ кард, гуфт: “Соли гузашта моро маҷбур карданд, ки либосҳои мактабиро харидорӣ намоем, нархи либоси мактабӣ  нисбати бозор қимат аст ва ман имкон надорам, ки ба фарзандони худ либоси ягонаро бихарам. Дар бозор харидан  барои мо беҳтар аст, мо метавонем дар ярмаркаҳо ҳамаи лавозимоти фарзандонамонро, аз ручка, қалам, дафтар сар карда то шиму костюм харидорӣ намоем”.

Соли 2007 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи либосҳои мактабиро барои хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ муқаррар карда буд. Дар аввал волидон  ҳангоми  интихоби либос барои фарзандони худ озод буда, онро асосан аз бозорҳо мегирифтанд. Аммо солҳои охир тибқи муқарароти ин вазорат  аз  волидон талаб шудааст, ки либосҳои ягонаи мактабиро аз ширкатҳои ватанӣ бихаранд. Ҳомиёни ҳуқуқ  инро як навъ поймоли ҳуқуқи сокинон мепиндоранд.

Шикояти сокинон аз ҳавои тафсону беобӣ (Видео)

Маврид ба ёдоварист, ки  шурӯъ  аз 6 то 31  августи соли равон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ  ба роҳ монда  шудааст, аз ҷумла, ярмаркаҳои мазкур дар  назди ҶДММ «Истиқлол» (бозори «Меҳргон»)-и  ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҶДММ «Ховарон», кӯчаи Валаматзода 8,  ноҳияи Шоҳмансур, ҶДММ «Корвон», «Корвон плюс», Маркази савдои «Корвоншаҳр», таваққуфгоҳи назди марказҳои савдои «Ганҷина», «Панҷшер», мағозаи махсусгардонидашудаи ҶДММ «ИИ Нассоҷии тоҷик»- и ноҳияи Фирдавсӣ ва Маркази савдои «Сафо»-и ноҳияи Сино  ба харидорон хизмат мерасонанд.

Дар Тоҷикистон шумораи хонандагони мактабҳои миёна ба 1 миллиону 900 ҳазор мерасад. Дар 5 моҳи имсол дар 53 корхона беш аз 400 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол шудааст, ки  зиёди волидон аз сифат ва нархи он норозӣ ҳастанд.

Шарҳи бештар ва ибрози назари шаҳрвандонро аз рафти ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ дар навори видеоии зер тамошо намоед:

Бахтовар Сафаров

Ширин Тоҳирӣ

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Идрис Алиев:

    товба

  • Жора Жора:

    Диктотура процветает у нас

  • Рачаб Одина:

    нахаред. хеч гап намеша

  • Мухтори Себзори:

    Бох дар фикри чайби кадом кудакон шудандин говсифатон

  • Holid Coleh:

    Либоси ягонаи мактаби,ин барои мактаб аст,мардум фахмида гиред.Бояд тартибу низом бошад,набошад тарбия кудакон тарбия намегиранд.Мутаасифона волидон имруз дарк намекунанд,мехоханд,ки кудакони хеш бо хархела либос ба мактаб раванд,даврони шуравиро дар хотир оред,хама бо тартибу ба тарбия буданд.

  • Alendar Pulod:

    Аз ин милати бечораи кмабагал чи мехостабошад ин хукмати мо

  • Ahmad Soliev:

    Илтимос як чора бинед барои сару либоси мактабиро дар мактаб овардиян хело кимат мебошад як формаи мактаби барои синфи 1 ум 160сомони

  • Гулнора Сатторова:

    160 сомон ходи арзон гирифтен(((( холи вазири маориф дачаша насохтас,сохт тамом ки кунад ,бад арзон мешад ин ша аллах

  • Ahmad Soliev:

    дар бозор хами формаеки ма гирифтм 80 см

  • Рахматулло Якубов:

    Киматай сифат надора

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner