Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Носирҷон Салимӣ барканор шуд

Академик Носирҷон Салимӣ баъди як муддати кӯтоҳи фаъолият дар вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон сабукдӯш гардид.

Носирҷон Салимӣ бинобар сабаби пайвастан ба узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ роҳбарии Институти илмиро канор гузошт. Номбурда нахустин нафаре аст, ки дар матбуот ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон додани унвони “Пешвои миллат”-ро пешниҳод кард ва дере нагузашта он ҳукми қонунӣ гирифт.

Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба www.pressa.tj  хабар доданд, ки шуруъ аз санаи 25 октябри соли равон бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон узви Маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоб гардид.

Баъди тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ аз ин ба баъд узви Комиссияи интихобот вазифаи доимамалкунанда мебошад. Қаблан ин вазифаи ҷамъиятӣ буд.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷалб шудани шахсиятҳои маъруфро дар ҳайати комиссияи зикршуда ба омодагии ҷидии ҳукумат ба интихоботҳои дарпешистода арзёбӣ мекунанд.

Чанд рӯз пеш ҳамчунин, Мағфират Хидирзода муовини раиси вилояти Хатлон низ аз вазифа барканор ва узви Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ интихоб шуд.

Аз Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба мо хабар доданд, ки чанд рӯз боз дари директор баста ва ҳанӯз касе курсии роҳбарии ин ниҳоди мӯътабари илмиро ишғол накардааст.

Юсуфзода Носирҷон Салимӣ, доктори илмҳои филология,    профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. 

Фаъолияти кориро аз маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” ва фаъолияти роҳбариро аз  директории «Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён» (1998-1999) оғоз намуда, баъдан ноиби ректори қисми илмӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров(1999-2001), ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (то соли 2010), ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (то соли 2012), директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (то соли 2014) ва то охири  соли 2018 ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст.

Дар ин авохир номбурда Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд.

Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Хуринисо Ализода 31.10.2019 15:17

    Агар устод Салимов ва маро))))) мемонданд ( хуб карданд, ки намонданд, ) аз кори сангине бо маоши кам, халос шудем, !!! ҳамон «Тоҷикшиносӣ» ва » Тоҷнома»- и оғоз кардаамонро анҷом медодем, хидмати таърихие барои миллат мешуд. Зеро он идеяи мо буд ва дигарон онро сарфаҳм намераванд, аз ин рӯ иҷро ҳам шавад, на оне хоҳад буд, ки дар тарҳи таърихии мо буд.
    Маъмул нест, дар ҷомеаи мо, ки таъиноти кадриро муҳокима кунанд, вале ҷойи Салимов воқеан илм аст, на …

  2. Юнус Юсупов 31.10.2019 15:18

    Носирчон дар хар чое ки буд, коре барои рушди фархангу адаби точик мекард. Дар китобхонаи милли, ки буд, корхое кард, дар донишгох корхое кард ва дар пажухишгох низ огоз карда буд. Дар комиссияи марказии интихобот чи кор мекунад, намедонам.

  3. Раънои Зоирдухт 31.10.2019 15:19

    Устоди азиз арзандаанд албатта, аммо ман баъди 15 сол дипломамро аз донишгохе,ки он кас Ректор буданд бо сарсониву саргардонихо гиряву зорахо гирфитам..Дилм танг мешуд аз ин,ки эшон бохабар буданду масъулин маро саргардонихое мекарданд….

  4. Абдукодири Рустам 31.10.2019 15:19

    Кори баде шуда! Беҳтарин раис барои Пажуҳишгоҳи Рӯдакӣ Носирҷон Салимӣ буд. Монанди ӯро пайдо намекунанд. Вале узви комиссиони марказии интихобот (ки ба яқин иҷрокунандаи ҳукм ва ишораҳо хоҳад буд), ҳар касе ҳам метавонад бишавад!

  5. Бобочони Шафеъ 31.10.2019 15:20

    Афсӯс, соле пеш аз вазифаи ректорӣ барканор шуданду ҳоло аз директорӣ. Донишм анд бояд дар макони дониш бошад. Интихоботи кори сиёсиву сиёсат мадор аст

  6. ХАМЗА КАМОЛ 31.10.2019 15:21

    Аз барканории устоди фарзона Носирчон Салим дилам дард кард. Зеро устод барои илми точик лозим буданд, на барои …. Ин холат ба ёдам сухани Лоики бузургворро овард, ки чунин аст: Ин чахонро чи гуна мебинам? Пири куре савори пирхари кур…кха

Ваш e-mail не будет опубликован.