• Mardon
  • 17.09.2019
  • 0

Нотаи Қирғизистон ба Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар робита ба низои ахир дар марз ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек нота супоридааст.

Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон рӯзи 17-уми сентябр гуфт, ҳангоми тақдими нота ба Суҳроб Олимзода «эътирози қатъӣ»-и Бишкек «аз амалкарди ғайриқонунии марзбонони тоҷик» изҳор дошта шуд. Ҷониби Тоҷикистон дар бораи ин нота то ҳол изҳори назар накардааст.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби 16-уми сентябр рух дод ва аз ҳарду ҷониб чандин куштаву захмӣ барҷой гузошт.

Ба навиштаи сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, ба сафир Суҳроб Олимзода тавзеҳ дода шудааст, ки нахустин шуда, марзбонони тоҷик постгоҳҳои марзии «Мақсад» ва «Сой»-и Қирғизистонро тирборон карданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар натиҷа як афсари нерӯҳои марзбонии он кишвар кушта ва ҳафт марзбони дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба навиштаи сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, инчунин, ҳафт шаҳрванди Қирғизистон аз ҷумла як ноболиғ ҷароҳатҳои гуногун бардошта, постгоҳҳои марзӣ ва манзили сокинони маҳаллӣ тахриб шудааст.

Нуран Ниязалиев, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қирғизистон таъкид кардааст, ки «ҷониби Тоҷикистон ҳақ надорад нисбат ба низомиёни постгоҳҳои Қирғизистон ва аҳолии маҳаллии рустои Мақсади ноҳияи Лайлак аз силоҳ истифода кунад. Инчунин ба сафири Тоҷикистон дар бораи амалкарди ғайриқонунӣ ва иғвоангези шаҳрвандони Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони сохторҳои зиррабти Тоҷикистон дар моҳҳои август-сентябри соли ҷорӣ расонда шуд, ки аз сӯи ҷониби Қирғизистон сабт шудааст.»

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон низомиёни Қирғизистонро дар ангехтани иғво дар марз муттаҳам медонад.

Дафтари матбуоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон шоми 16-уми сентябр бо нашри як баёния гуфт, «Қирғизистон бар хилофи созишҳои пешина дар майдони варзишии маҳаллаи Баҳор ба сохтмони иншооти номаълуме шуруъ кард» ва сокинони ин маҳалла дар ҷамоати Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз онҳо хостанд, ки корро қатъ кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон аз Тоҷикистон хостааст “барои ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи вазъ дар марз ва таҳқиқи муштараки ин қазия ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон чораҳои зарурӣ андешад.”

Аммо дар баёнияи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки хабаргузории давлатии «Ховар» нашр кард, омадааст: «Ҷониби Қирғизистон хилофи созишномаҳои дуҷониба амал карда, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250-300 нафар сафарбар кард.»

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон гуфтаанд, тирандозӣ хотима ёфтааст ва ду тараф барои роҳ надодан ба шиддат гирифтани муноқиша талош доранд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner