• Administrator
  • 23.05.2019
  • 0

Оқибати ошӯб дар зиндон: сомонаҳо масдуд шуданд

Дар рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон сомонаҳои ҷустуҷӯии Google ва Yandex ва як қатор шабакаҳои иҷтимоии маъруф боз намешаванд.

Ин вазъ билофосила пас аз ошӯби хунин дар маҳбаси “Киричний”-и шаҳри Ваҳдат дар шаби 19 май иттифоқ афтод. Бар асари ин ошӯб  29 маҳбус ва 3 маъмури зиндон кушта шуданд.

Ин сомонаҳо ҳатто тавассути филтршиканҳо низ боз намешаванд.

То ҳол мақомоти Хадамоти алоқаиТоҷикистон далели ин амрро расман шарҳ надодаанд.

Аз сӯйи дигар, суръати Интернет хеле суст шуда ва сомонаҳои муқаррарӣ ҳам ба сахтӣ боз мешаванд.

Тоҷикистон аз рӯи суръати Интернети мобилӣ дар миёни 124 кишвар дар ҷойи охир қарор дорад. Дар гузориши Speedtest Global Index аз моҳи ноябри соли гузашта омадааст, ки интернети мобилӣ дар Тоҷикистон бо суръати 4,97 мегабит дар миёни 124 кишвар аз ҳама суст аст.

Феълан дар Тоҷикистон дар канори Google ва Yandex шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Twitter, You Tube, сомонаҳои хабарию таҳлилии “Азия-Плюс”, “Озодӣ” ва “Ахбор” масдуд шудаанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner