Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Оғози машқҳои низомии СПАД дар Тоҷикистон

Дар Ҳарб- Майдони  Тоҷикистон машқҳои низомии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) таҳти унвони “Бародарии шикастнопазир-2019” шурӯъ мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Округи марказии низомии Русия, ин машқҳо аз рӯзи 21 то 29 октябр баргузор шуда ва дар он неруҳои Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат хоҳанд кард.

Дар назар аст, дар марҳилаи аввали машқҳои низомӣ ҷангиёни душмани шартӣ несту нобуд карда мешаванд. Дар марҳилаи дуюм, ба машқҳо неруҳои Арманистону Белорус ҳамроҳ шуда ва амалиёти сулҳҷӯёнаро анҷом медиҳанд.

Тибқи иттилои Округи марказии низомии Русия, дар ин машқҳои низомӣ беш аз 2 ҳазор сарбоз, беш аз 600 адад техникаи ҳарбӣ ва 20 адад ҳавопаймою чархболи низомии Русия ширкат хоҳад кард.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.